Ҳашт маъмури пулис дар бумбгузории интиҳорӣ дар Ироқ кушта шуданд

  • 28 Июл, 2013
Инфиҷор дар ироқ
Image caption Хушунати қавмӣ ва мазҳабӣ дар Ироқ дар соли ҷорӣ беш аз 700 қурбонӣ бар ҷой гузоштааст

Мақомоти ироқӣ мегӯянд, ки як бумбгузори интиҳорӣ ҳашт маъмури пулиси курдро дар шимоли Ироқ куштааст.

Бар асоси гузоришҳои расида 9 маъмури пулис низ дар ин ҳамла дар шаҳри кӯчаки Туз Хурмоту дар 70 килуметрии ҷануби Киркук маҷруҳ шуданд.

Ин шаҳр дар минтақае қарор дорад, ки мавриди иддаъои давлати марказии Ироқ ва давлати маҳаллии Курдистони Ироқ аст.

Соли ҷорӣ соли пурхушунате дар Ироқ будааст.

Бо ин ки теъдоди бумбгузориҳо аз нуқтаи авҷи худ дар солҳои 2006 ва 2007 мелодӣ коҳиш ёфта, хушунати қавмӣ ва мазҳабӣ дар соли ҷорӣ беш аз 700 қурбонӣ бар ҷой гузоштааст.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки фарди бумбгузори интиҳорӣ василаи нақлияи худро дар муҷовирати се худрави пулис мунфаҷир кард.

Дар моҳи январ низ ҳадди ақал 23 нафар дар Туз Хурмоту дар асари бумбгузории интиҳорӣ кушта шуданд.

Дар моҳи июн низ ҳадди ақал даҳ нафар тавассути ду бумбгузори интиҳорӣ дар наздикии Туз Хурмоту кушта шуданд. Ин афрод аз ақаллияти қавмии туркман буданд, ки ба ноамнӣ дар минтақа эътироз доштанд.

Ағлаби бумбгузориҳои интиҳорӣ дар Ироқ тавассути гурӯҳҳои тундрави суннимазҳаб анҷом мешаванд.

Матолиби муртабит