Ҳамлаи интиҳорӣ дар минтақаи шиъанишини Ироқ 6 кушта бар ҷой гузошт

  • 9 Июн, 2013
Image caption Аз замони шиддат гирифтани ин ҳамалот дастикам 2 ҳазор нафар дар нуқоти мухталифи Ироқ кушта шудаанд

Дар натиҷаи як ҳамлаи интиҳорӣ дар Бағдод, пойтахти Ироқ дастикам 6 нафар кушта ва шуморе маҷруҳ шуданд.

Бар асоси гузоришҳоии дарёфтӣ ин ҳодиса пас аз он иттифоқ уфтод, ки як бумбгузори интиҳорӣ дар як пусти бозрасии пулис дар як минтақаи шиъанишин дар шимоли ғарби Бағдод утумубили худро мунфаҷир кард.

Аксари қурбониёни бумбгузории имрӯз (якшанбеи 9 июн) аз нерӯҳои пулис дар ин пусти бозрасӣ буданд.

То кунун ҳеҷ гуруҳе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст, аммо дар гузашта шохаи Алқоъида дар Ироқ ағлаб омили ин қабил ҳамалот шинохта шудааст.

Гуфта шуда ин пусти бозрасӣ дар наздикии Козимайн, ки оромгоҳи ду тан аз имомони шиъа дар он воқеъ аст, қарор дошт.

Ҳамалоти фирқаии афроди сунниҳои тундрав алайҳи шиъиён дар моҳҳои ахир дар Ироқ шиддат ёфтааст.

Аз замони шиддат гирифтани ин ҳамалот дастикам 2 ҳазор нафар дар нуқоти мухталифи Ироқ кушта шудаанд.