Мавҷе аз хушунат аз маҳаллаҳои шиъанишини Ироқ гузашт; 66 кушта
Пулиси Бағдод мегӯяд дар ҷараёни бумбгузориҳои мутаъаддид дар маҳаллаҳои умдатан шиъанишини пойтахти Ироқ дастикам 66 нафар кушта шудаанд.
Теъдоди маҷрӯҳони ин бумбгузориҳо беш аз инҳост.
Бумбҳо дар утумубил ҷосозӣ шуда буданд ва дар наздикии маҳалҳои харид ва бозорҳо ҳамалот анҷом шуда буд.
Батозагӣ ҳамалоте аз ин даст дар Ироқ афзоиш ёфтааст, ки онро бо ихтилофоти сиёсӣ ва мазҳабӣ муртабит мекунанд.
Ин ҳамалот бими онро афзоиш дода, ки даргириҳои мазҳабӣ ба мизони солҳои 2006 ва 2007-и мелодӣ бирасад, ки дар тайи он ҳазорон нафар кушта шуданд.
Маҳаллҳои пурарфту омад
Дар рӯзи душанбе як инфиҷор дар маркази Бағдод ва дар хиёбони Саъдун рух дод, ки аз маҳаллаҳои тиҷории ин шаҳр аст.
Як шоҳиди айнӣ гуфт, ки кӯдаке чаҳорсола дар миёни қурбониёни ин ҳодиса буд.
Ду инфиҷор дар маҳаллаи Ҳабибия ҷони 12 нафарро гирифт.
Ин инфиҷорҳо дар наздикии як бунгоҳи муъомилоти утумубилҳои дасти дувум анҷом шуд ва дар натиҷаи он теъдоди зиёде аз утумубилҳо хароб шуданд.
Як шоҳиди айнӣ дар ин маҳал ба хабаргузории Фаронса гуфт, ки инфиҷор дуруст ҷое анҷом шуд, ки пулис ҳам ҳузур дошт.
Ӯ гуфт, ки бисёре аз мардум ҷонашон ва пасандозашонро аз даст додаанд.
Инфиҷорҳои дигар ҳам дар маҳаллаҳое анҷом шуда буд, ки рафту омади бисёре дар он ҷо ҷараён дорад.
"Поймол" кардани ҳуқуи ақаллият
То ба ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба уҳда нагирифтааст, аммо пеш аз ин шибҳинизомиёни суннӣ, ки бо Алқоъида муртабит ҳастанд, дар маҳаллаҳои шиъанишини ҳамалоти мушобеҳе анҷом дода буданд.
Дар моҳҳои ахир таниши байни аксарияти шиъа, ки ҳукуматро дар даст доранд ва ақаллияти суннимазҳаб боло гирифтааст.
Сунниҳо давлати Нурӣ Моликиро муттаҳам мекунанд, ки ҳуқуқи онҳоро "поймол" мекунанд. Иттиҳоме, ки давлат намепазирад.
Оқои Моликӣ ба мардуми кишвараш ваъда дода буд, ки иҷоза надиҳад нооромӣ ба кишвар бозгардад.
Бо ин ҳол баъд аз як ҳафта аз ҳамалоте, ки ба кушта шудани беш аз ҳафтод нафар анҷомид, ин бумбгузориҳои ҷадид анҷом шуд.
Бумбгузориҳои ҳафтаи гузашта дар шаҳрҳои мухталифи Ироқ анҷом шуд.
Созмони Милал мегӯяд, ки дар моҳҳои апрел ҳудуди ҳафтсад нафар дар Ироқ кушта шуданд, ки бештарин омор дар панҷ соли гузашта аст.
Дар моҳи майи мелодӣ то ба ҳол ҳудуди 450 нафар кушта шудаанд.
