Ҳамалоти маргбор ба пулис дар устони Анбори Ироқ

Дар тозатарин ҳамалоти мардони мусаллаҳ дар устони Анбори Ироқ, дастикам 10 маъмури пулис кушта шудаанд.
Ҳафт пулис рӯзи якшанбе дар ҳамалоти мардони мусаллаҳ дар шаҳри Ҳадиса, воқеъ дар 190-килуметрии шимоли ғарбии Бағдод, кушта шудаанд.
Хабаргузории Руйтерз ба нақл аз як манбаъи пулиси Ҳадиса гузориш додааст: "Дар исти бозрасӣ нигаҳбон истода будем, ки ногаҳзон гурӯҳе аз пайкорҷӯён савор бар чанд худрав моро муҳосира карданд ва оташ гушуданд. Ҳафт нафар аз ҳамкоронамон дар ҳамон лаҳза кушта шуданд."
Гузоришҳо ҳокист, ки се нерӯи пулис низ дар шаҳри Рова, воқеъ дар устони Анбор, дар ҳудуди 260-килуметрии Бағдод, кушта шуданд.
Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамалотро бар уҳда нагирифааст.
Рӯзи шанбе низ муҳоҷимон 10 маъмури пулисро дар шаҳри Рамодӣ кушта буданд.
Тайи ҳафтаҳои ахир хушунатҳои фирқаӣ ба таври қобили мулоҳизае дар Ироқ афзоиш ёфтааст.
Рӯзи ҷумъа дастикам 60 нафар дар се мавриди бумбгузорӣ дар манготиқи суннинишини Бағдод ва атрофи он кушта шуданд.
Дар рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбе низ як риштаинфиҷор дар манотиқи шиъанишини Ироқ рух дод ва шумори кушташудагони ин се рӯз беш аз 120 нафар будааст
Шиъиён аксарияти ҷамъияти Ироқро ташкил медиҳанд ва гурӯҳҳои сиёсии шиъа бештарин саҳмро дар порлумон ва давлати ин кишвар дар ихтиёр доранд.
