Истеъфои вазири суннии давлати Ироқ дар пайи кушта шудани 27 нафар дар Киркук

Муҳаммад Тамим, вазири омӯзиши давлати Ироқ, ки суннӣ аст, дар эътироз ба даргирии нерӯҳои амниятӣ ва мухолифони суннии давлат дар шимоли ин кишвар истеъфо кардааст.
Мақомоти низомӣ дар шимоли Ироқ мегӯянд имрӯз, 3 урдубиҳишт (23 апрел) дастикам 27 нафар дар низоъ миёни нерӯҳои давлатӣ ва мӯътаризони суннии мухолифи давлат кушта шудаанд.
Хушунат замоне оғоз шуд, ки нерӯҳои амниятӣ ба тазоҳуроти мухолифони давлат дар шаҳри Ҳавиҷа наздики Киркук дар шимоли Ироқ ҳамла карданд.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар Бағдод мегӯяд, давлати Ироқ кумитаеро таъин кардааст, ки дар бораи ҳаводиси шаҳри Ҳавиҷа таҳқиқ кунад. Раиси ин кумита Солеҳ Мутлақ, муъовини суннии нахуствазири Ироқ аст.
Аз чанд моҳ пеш мӯътаризони суннӣ дар эътироз ба ҳукумати шиъаи Ироқ ҳар ҳафта тазоҳуротеро дар саросари кишвар баргузор кардаанд.
Тозатарин даргириҳо дар ҷараёни интихоботи устонии Ироқ иттифоқ уфтод.
Интихоботи устонӣ ва шуроҳо аввалин интихоботи Ироқ буд, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз ин кишвар баргузор мешуд.
Шаҳри Ҳавиҷа аз рӯзи ҷумъа ва баъд аз кушта шудани як афсари ироқӣ таҳти муҳосира будааст.
Нерӯҳои амниятии Ироқ аз мардуми Ҳавиҷа хостаанд, ки мазнунони қатли афсари ироқиро таҳвил диҳанд, аммо мардум худдорӣ кардаанд.
Чанд рӯз баъд аз кушта шудани афсари артиш, рӯзи душанбеи ин ҳафта, талоши дигар барои миёнҷигарӣ миёни артиш ва мардум ба даргирии дубора мунҷар шуд.
Артиш мегӯяд ибтидо мардум ҳамла карданд, аммо шуморе аз мӯътаризон дар Ҳавиҷа ба хабаргузории Руйтерз гуфтаанд, ки нерӯи артиш ногаҳон ба рӯйи афроди ғайримусаллаҳ оташ кушудаанд.
Даргирӣ дар рӯзи сешанбе ҳам боъиси марги шуморе дигар аз нерӯҳои амниятӣ ва мӯътаризони Ҳавиҷа шуд. Ба талофии ин иқдом гуфта мешавад, ки мардуми Ҳавиҷа ба чанд исти бозрасии артиш ҳамла карданд.
Муътаризони суннӣ давлати шиъаи Нурӣ Алмоликиро муттаҳам мекунанд, ки байни ду гурӯҳи мусалмонон табъиз қоил мешавад. Давлати оқои Моликӣ ин гуфтаҳоро рад карда ва гуфта шӯришҳо таҳти таъсири гурӯҳҳои шибҳнизомӣ созмондиҳӣ мешавад .
