Инфиҷорҳои хунин дар манотиқи суннинишини Ироқ

  • 18 Май, 2013
Ироқ
Image caption То кунун бештари ҳамалот алайҳи шиъаён сурат гирифта буд

Инфиҷорҳои мутаъаддид дар манотиқи суннинишини Ироқ, беш аз 60 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ бар ҷо гузоштааст.

Рӯзи ҷумъа 17-уми май дар муқобили масҷиде дар шаҳри Баъқуба дар 50 килуметрии шимоли Бағдод ду инфиҷор руй дод, ки дар асари он дастикам 41 нафар кушта ва 56 нафар захмӣ шуданд.

Нахустин инфиҷор ҳангоме руй дод, ки дар поёни маросими намози ҷумъа намозгузорон дар ҳоли хуруҷ аз масҷид буданд.

Пас аз инфиҷори аввал дар ҳоле, ки даҳҳо нафар барои кумак ба ҳодисадидагон дар маҳал иҷтимоъ карда буданд, бумби дуввум мунфаҷир шуд.

Наҳваи анҷоми ин амалиёт нишон медиҳад, ки тарроҳони ин ҳамла дар садад буданд бештарин талафотро ворид кунанд.

Баъд аз он ҳам дар як маросими ташйеъи шаҳрвандони суннимазҳаб дар Мадоин бумбе мунфаҷир шуд ва дасти кам 7 нафар кушта ва 20 нафар захмӣ шуданд.

Дар манотиқи тиҷории суннинишин дар ғарби Бағдод ҳам ду бумб мунфаҷир шуд, ки беш аз 14 кушта ва дасти кам 30 захмӣ ба ҷо гузошт.

Ин ҳамалот дар пайи афзоиши чашмгири хушунати фирқаӣ дар Ироқ дар ҳафтаҳои ахир сурат гирифтанд.

Дар ду рӯзи сешанбе ва чаҳоршанбе, маҷмуъае аз бумбгузориҳо манотиқи шиъанишинро дар сартосари Ироқ ҳадаф гирифтанд.

Талафоти ин ҳамалот руиҳамрафта беш аз 120 кушта буд.

Боло гирифтани низоъи фирқаӣ

Аз ҳудуди як моҳи пеш, ки маъмурони амниятии Ироқ ба гурӯҳе аз муътаризони суннӣ дар шаҳри Киркук ҳамла карданд, ҳамла ба масоҷиди шиъаён ва сунниҳо ва ҳамчунин маъмурони амниятӣ ва шуёхи қабоил шиддат гирифтааст.

То кунун бештарин ҳамалот ба марокизи мазҳабии шиъаён руй додааст.

Дар ҳоле, ки бархе гурӯҳҳои суннӣ дар Ироқ давлатро ба табъиз алайҳи сунниҳо муттаҳам мекунанд, ҳамлаи Киркук нигаронӣ дар мавриди хатари бурузи дубораи як ҷанги фирқаии тамомайёр дар Ироқро афзоиш додааст.

Шиъаён аксарияти ҷамъияти Ироқро ташкил медиҳанд ва гурӯҳҳои сиёсии шиъаён бештарин саҳмро дар порлумон ва давлати ин кишвар дар ихтиёр доранд.

Дар феврали соли 2006 мелодӣ бумбгузорӣ дар ҳарами Асгарӣ дар Сомро аз амокини зиёрати шиъаён ба як давраи хушунати фирқаӣ мунҷар шуд, ки садҳо кушта бар ҷо гузошт ва боъиси оворагии чандҳазор нафар шуд.

Дар моҳҳои ахир бӯҳрони сиёсӣ ва бурузи ҷанги дохилӣ дар Сурия бархурдҳои фирқаиро дар Ироқ ҳам афзоиш додааст.

Матолиби муртабит