Ироқ фаъъолияти 10 шабакаи моҳвораиро ба ҳоли таълиқ даровард

Давлати Ироқ муҷаввизи фаъолияти даҳ шабакаи телевизиюнии моҳвораӣ аз ҷумла телевизиюни Алҷазираро ба далели тарвиҷи хушунат ва фирқагароӣ дар он кишвар ба ҳоли таълиқ даровардааст.
Яке аз мақомиҳои Ироқ гуфтааст, ки фаъолияти ин конолҳои телевизиюнӣ дар Ироқ мутаваққиф шуда ва ин шабакаҳо наметавонанд барои пӯшиши хабарӣ ба нуқоти мухталифи кишвар сафар кунанд.
Муҷоҳид Абулҳел, аз кумиссиюни иртиботот ва расонаҳои Ироқ ба хабаргузории Фаронса гуфтааст : "Тасмим гирифтем, ки муҷаввизи фаъолияти баъзе аз шабакаҳои моҳвораиеро ба далели тарвиҷи хушунат ва фирқагароӣ лағв кунем."
Шабакаҳои телевизиюнии Алҷазира ва Ашшарқия аз ҷумлаи ин шабакаҳои моҳвораӣ ҳастанд.
Шабакаи Алҷазира иттиҳомоти матраҳшударо рад кардааст.
Ин иқдом пас аз он сурат мегирад, ки Ироқ аз сешанбеи ҳафтаи гузашта (24 апрел) шоҳиди мавҷи ҷадиде аз хушунатҳои байни нерӯҳои амниятӣ ва мӯътаризони суннимазҳаб дар шимоли кишвар будааст.
Дар ҷараёни даргириҳои ахир дастикам 215 нафар кушта шуданд.
Таниши байни сунниҳо ва шиъиёни Ироқ, ки дар солҳои 2006 ва 2007 ба авҷи худ расид, боъиси кушта шудани даҳҳо ҳазор нафар шудааст.
Муътаризони суннӣ хостори истеъфои нахуствазири шиъамазҳаб ҳастанд. Онҳо ҳамчунин мақомоти ироқиро ба ҳадаф қарор додани ҷомеъаи суннӣ муттаҳам мекунанд.
Дар сохтори сиёсии Ироқ раиси ҷумҳур аз миёни курдҳои суннимазҳаб интихоб шуда нахуствазир аз миёни аъроби шиъа ва раиси маҷлис аз миёни аъроби суннӣ. Раиси ҷумҳур як муъовини араби суннимазҳаб низ дорад.
