Инфиҷори се бумб дар устонҳои умдатан шиъанишини Ироқ

Инфиҷори се бумб дар устонҳои шиъанишин дар ҷануби Бағдод ба кушта шудани 11 нафар ва маҷрӯҳ шудани шуморе дигар мунҷар шудааст.
Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ, ду бумб дар шаҳри Амора дар устони Майсун ва бумби севум дар бозоре дар шаҳри Девония мунҷар шудааст.
Гуфта шуда, ки ин бумбҳо дар худравҳое ҷосозӣ шуда буданд.
Нурӣ Моликӣ, нахуствазири Ироқ, рӯзи шанбе (27 апрел) нисбат ба бурузи даргириҳои фирқаӣ дар кишвар ҳушдор дод.
Оқои Моликӣ талвеҳан ҷанги дохилӣ дар Сурияро омили бозгашти танишҳои фирқаӣ дар Ироқ донист.
Ироқ аз сешанбеи ҳафтаи гузашта (24 апрел) шоҳиди мавҷи ҷадиде аз хушунатҳо байни нерӯҳои амниятӣ ва муътаризони суннимазҳаб дар шимоли кишвар будааст.
Муътаризон хостори истеъфои оқои Моликӣ, нахуствазири шиъаи кишвар, ҳастанд. Онҳо ҳамчунин мақомоти ироқиро муттаҳам мекунанд, ки ҷомеъаи сунниро ҳадаф қарор додааст.
Хушунатҳои ахир хунинтарин даргириҳо аз замони хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Ироқ дар соли 2011 аст.
