"Ироқ бадтарин кишвар барои кӯдакон"

Як муассисаи хайрия, ки ба умури кӯдакон расидагӣ мекунад, дар гузорише, ки даҳ сол пеш аз суханронии Ҷурҷ Буш мабнӣ бар "итмоми маъмурият" дар Ироқ мунташир карда, гуфтааст Ироқ акнун яке аз бадтарин кишварҳо барои кӯдакон аст.
Муассисаи хайрияи "Кӯдаки ҷанг" дар гузорише таҳти унвони "маъмурияти анҷомнаёфта" гуфтааст фақат дар панҷ моҳи гузашта 700 кӯдак ва навҷавон дар хушунатҳои Ироқ ҷони худро аз даст додаанд.
Омрико ва Бритониё кишварҳое, ки дар соли 2003 ба Ироқ ҳамлаи низомӣ карданд, алорағми афзоиши хушунат, коҳиши умед ба зиндагӣ ва коҳиши теъдоди кӯдаконе, ки ба мадраса мераванд, кумакҳои башардӯстона ба Ироқро башиддат коҳиш додаанд.
Кӯдакони ироқӣ аз имконоти омӯзишӣ маҳрум шудаанд. Акнун камтар аз 50 дарсади кӯдакон ва навҷавонони байни 12 то 17 сол ба мадраса мераванд.
Теъдоди кӯдаконе, ки дар давраи Садом Ҳусейн ба дабистон мерафтанд низ аз теъдоди кӯдакони дабистонии имрӯз бештар буд.
Синни умед ба зиндагӣ ҳам коҳиш ёфтааст. Кӯдаке, ки дар соли 2011 ба дунё омада, тӯли умре ду сол камтар аз кӯдаке хоҳад дошт, ки дар соли 2000 ба дунё омада буд.
Муассисаи хайрияи "Кӯдаки ҷанг" гуфтааст, ки вазорати тавсеъаи байналмилалии Бритониё, ки пештар ба Ироқ кумакҳои омӯзишӣ ироа медод, дар соли гузаштаи мелодӣ кумакҳои худро қатъ кард ва мизони кумакҳои байналмилалии байни солҳои 2001 то 2005 ба мизони 19 милёрд дулор коҳиш ёфт.
Гузориши ин муассиса аз ниҳодҳои байналмилалӣ хостааст, ки аз кӯдакони ироқӣ ҳимоятҳои баландмуддат кунанд ва бар се меҳвари омӯзиш, ҷмъоварии мин ва ҳифозат аз хушунат таъкид кардааст.
