Инфиҷорҳои Бағдод ва Басра 50 кушта барҷой гузошт

  • 20 Май, 2013

Инфиҷори чанд худраве бумбгузоришуда дар Ироқ ба кушта шудани дастикам 50 нафар ва маҷрӯҳ шудани шуморе дигар мунҷар шудааст.

Ба гуфтаи пулис нуҳ бумб дар наздикии истгоҳҳои утубус ва бозорҳои Бағдод мунфаҷир шудааст.

Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ ин инфиҷорҳо дар манотиқи умдатан шиъанишини Бағдод иттифоқ афтодааст.

Дар соъоти аввалияи имрӯз ҳам гузоришҳо аз инфиҷори ду худраве бумбгузоришуда дар Басра, дар ҷануби Ироқ, ҳикоят дошт.

Ин ҳамалот дар ҳоле сурат гирифта, ки хушунатҳои сиёсӣ ва фирқаӣ дар ин кишвар дар ҳафтаҳои ахир афзоиш ёфтааст.

Пулис гуфтааст инфиҷорҳои Басра ҳам дар манотиқи умдатан шиъанишин сурат гирифта, ки дар ҷараёни ин ҳамалот дастикам 11кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамалотро бар уҳда нагирифтааст.

Басра дар муқоиса бо соири манотиқи Ироқ шоҳиди ҳамалоти нисбатан камтаре будааст.

Аммо рӯзи гузашта мардони мусаллаҳ яке аз рӯҳониёни сунниро дар ҳоле ки аз хонааш воқеъ дар минтақае умдатан шиъанишин хориҷ мешуд, ҳадаф қарор дода ва куштанд.

Таниши байни мусулмонони шиъа, ки раҳбарии давлатро бар уҳда доранд ва ақаллияти суннӣ аз соли гузашта шиддат ёфтааст.

Муътаризони суннӣ давлати Нурӣ Моликӣ, нахуствазирро ба эъмоли табъиз муттаҳам мекунанд. Аммо давлат ин гуна иттиҳомотро рад кардааст.

Матолиби муртабит