Масеҳиёни Ироқ ҳадафи ду инфиҷор қарор гирифтанд

Гузоишҳо аз Ироқ ҳокӣ аз кушта шудани ҳаддиақал 20 нафар дар асари инфиҷор аст.
Инфиҷори ду бумб дар Бағдод теъдоде аз масеҳиёни ин кишварро ҳадаф қарор додааст.
Дар ҳамлаи аввал инфиҷори худрав боъиси куштаи шудани 14 нафар аз масеҳиёне шуд, ки пас аз ширкат дар маросими Крисмас аз як калисо хориҷ мешуданд.
Ин калисо дар яке аз маҳаллаҳои умдатан масеҳинишин қарор дорад ва инфиҷори дувум дар бозоре дар наздикии калисо рӯй дод.
Гузоришҳо ҳокист, ки ҳаддиақал 35 нафар низ бар асари ин ду инфиҷор маҷруҳ шудаанд.
Пулис гуфтааст, ки бештари қурбониёни ин ду инфиҷор масеҳиён будаанд.
То кунун ҳеҷ фард ва ё гурӯҳе масъулияти ин ду ҳодисаро бар уҳда нагирифтааст.
Дар гузашта ҳам масеҳиёни Ироқ дар мавориде ҳадафи ҳамалоти ситезаҷӯёни исломгаро ва ҳамчунини нерӯҳои Алқоъида қарор доштаанд.
Дар ҳамлаи теъдоде аз афроди мусаллаҳ ба як калисои котулик дар Бағдод дар соли 2010 беш аз 50 нафар кушта шуданд.
Афзоиши хушунатҳои фирқаӣ дар соли ҷории мелодӣ (2013) ҷони беш аз 7 ҳазор нафар ғайринизомиро дар Ироқ гирифтааст.
Ин теъдод болотарин омори кушташудагон дар ин кишвар аз соли 2008 то кунун аст.
Бештари ин ҳамалот алайҳи шиъиён ва сунниҳои кишвар сурат гирифтааст.
