Дастикам 44 нафар дар инфиҷорҳои Бағдод кушта шуданд

  • 28 Август, 2013

Бино ба эъломи манобеъи бемористонӣ ва пулиси Ироқ, як ришта бумбгузорӣ дар Бағдод, пойтахт, дастикам 44 кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Ин бумбҳо дар соъоти пуррафту омади рӯз ва дар маҳаллоти умдатан шиъанишин мунфаҷир шудаанд.

Минтақаи Козимин, дар шимоли Бағдод, яке аз ҳадафҳои бумбгузорӣ будааст.

Маргбортарин ҳамалоти имрӯз дар минтақаи Ҷиср Диола ба вуқӯъ пайвастааст.

Танишҳои хушунатбор дар Ироқ дар моҳҳои ахир боло гирифтааст. Бисёре аз сунниҳои Ироқ мегӯянд давлати Нурӣ Моликӣ, нахуствазири шиъаи Ироқ онҳоро ба ҳошия рондааст.

Тадовуми ҷанги дохилӣ дар Сурия ҳам яке аз масоиле аст, ки ба унвони далеле барои ташдиди танишҳои фирқаӣ дар Ироқ матраҳ мешавад. Дар соли ҷорӣ беш аз 4 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ғайринизомии Ироқ дар хушунатҳои фирқаӣ кушта шудаанд..