Дастикам 14 кушта дар ҳамлаи интиҳорӣ ба зоирони шиъа дар Бағдод

  • 19 Декабр, 2013

Ҳамлаи интиҳорӣ ба зоирони шиъа дар Бағдод дастикам 14 кушта бар ҷой гузошт.

Ин ҳамла дар маҳалҳое дар ҷануби Бағдод ба вуқуъ пайваста аст ва зоироне, ки дар як чодар ҷамъ шуда буданд, ҳадаф қарор гирифтанд.

Онҳо барои ширкат дар маросими Арбаъин роҳии Карбало буданд.

Ҳамчунин мардоне, ки либосҳои низомӣ ба тан доштанд, як хонаводаи панҷнафараро дар ҳумаи Бағдод ба гулӯла бастанд ва куштанд.

Яке аз қурбониёни ин ҳамла аз аъзои шӯроҳои бедорӣ буд. Шӯроҳои бедорӣ гурӯҳе аз шибҳнизомиёни суннӣ ҳастанд, ки ба муқобала бо Алқоъида мепардозанд.

Имсол хушунатҳои фирқаӣ дар Ироқ шиддат гирифтааст ва Созмони Милал мегӯяд танҳо дар моҳи ноябр 659 нафар қурбонии ин хушунатҳо шудаанд.

Аз январи соли гузашта то кунун 7150 ғайринизомӣ ва 950 нафар аз маъмурони амниятӣ ва низомӣ кушта шуда, ки бештарин мизони талафоти хушунатҳо дар Ироқ аз соли 2008 ба ин су аст.

Дар солҳои гузашта маросими мазҳабии шиъиён аз ҷумлаи аҳдофи ҳамалот будаанд ва бими вуқуъи ҳамалоти инчунинӣ дар Арбаъин имсол низ меравад.

Матолиби муртабит