Бумбгузории маргбор дар як маҳаллаи шиъанишини Бағдод

Дар ҷараёни як ҳамлаи интиҳорӣ ба каҳвахонае дар яке аз маҳаллаҳои умдатан шиъанишини пойтахти Ироқ ҳадди ақал 37 нафар кушта шудаанд.
Ин ҳамла, ки рӯзи якшанбе дар маҳаллае дар ҷануби ғарбии Бағдод рух дод, ҳадди ақал 42 захмӣ низ бар ҷой гузошт.
Ҳанӯз рӯшан нест ки ин бумбгузории интиҳориро чи гурӯҳе созмондиҳӣ ва иҷро кардааст.
Пулис мегӯяд, ки як худраве пур аз маводди мунфаҷира ба дари вурудии қаҳвахона кӯбида ва мунфаҷир шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин қаҳвахона ва мағозаи обимевафурӯшӣ канораш байни ҷавонон бисёр пуртарафдор будаст.
Манобеъи пулис ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки пайкорҷӯёни сунниро масъули ҳамла медонанд.
Ҳамалоти дигар
Аз сӯйи дигар рӯзи якшанбе дар ҳамалоти интиҳорӣ ба сохтмонҳои давлатӣ ва марокизи пулис дар устони Анбор, дар ғарби Ироқ, ҳадди ақал панҷ нафар кушта ва 15 нафар маҷрӯҳ шуданд
Мақомот ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки занни он меравад, ки пайкорҷӯёни исломгаро омили ҳамалот бошанд.
Бумбгузорони интиҳорӣ марокизи пулис ва сохтмонҳои давлатӣ дар шаҳри Рова дар устони Анборро ҳадаф қарор додаанд.
Ин шаҳр дар ҳудуди 75-килуметрии марзи Сурия воқеъ аст.
Пулис ҳамчунин эълом кард дар ҳамлаи интиҳории дигаре дар шаҳри Сомаро дар шимоли Бағдод, шаш нафар кушта шуданд.
Ироқ зарфи моҳҳои гузашта шоҳиди афзоиши камсобиқаи хушунатҳо будааст.
Беш аз шаш ҳазор нафар тайи соли ҷорӣ дар ин хушунатҳо кушта шудаанд.
