Бумбгузориҳои Бағдод 16 кушта бар ҷой гузошт

  • 15 Август, 2013
Image caption Дар моҳҳои ахир хушунатҳо дар Ироқ афзоиш пайдо кардааст

Дар як риштабумбгузорӣ дар Бағдод, пойтахти Ироқ, дастикам 16 нафар кушта ва бисёре дигар захмӣ шуданд.

Бинобар гузоришҳо, панҷ худрави бумбгузоришуда дар нуқоти мухталифи шаҳр мунфаҷир шуданд. Руйтерз мегӯяд яке аз худравҳо дар канори минтақаи Сабз, ки аз назари амниятӣ башиддат ҳифозатшуда аст, мунфаҷир шудааст.

Бисёре аз сохтмонҳои диплумотик ва давлатӣ дар минтақаи Сабзи Бағдод воқеъ шудаанд. Дар ин инфиҷор чаҳор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Дар инфиҷоре дигар шаш нафар дар як истгоҳи утубус дар минтақаи Ходимия, дар шимоли Бағдод, кушта шуданд.

Рӯзи чаҳоршанбеи 14 август ҳам дар ду инфиҷор дар шаҳри Баъақуба, дар шимоли шарқи Бағдод, дастикам 14 нафар кушта шуданд. Яке аз бумбҳо дар кофее наздики маркази шаҳр ва дигаре дар хиёбон мунфаҷир шуд.

Ин ҳамалот ҳам дар маҳаллоти суннинишин ва ҳам шиъанишини Бағдод рух дод.

Дар моҳи Рамазон ҳам чанд ришта бумбгузории маргбор дар сартосари Ироқ рух дода буд.

Дар моҳҳои ахир хушунатҳо дар Ироқ башиддат афзоиш пайдо карда, ки дар бештари ин ҳамалот манотиқи шиъанишин тавассути гурӯҳҳои мусаллаҳи суннӣ ҳадаф қарор гирифтанд. Аммо манотиқи суннинишин ҳам мавриди ҳамла воқеъ шудаанд.

Бино бар оморҳои Созмони Милали Муттаҳид, талафоти хушунатҳо дар Ироқ дар моҳи гузаштаи мелодӣ ба 1057 нафар расида, ки бештари онҳо ғайринизомӣ будаанд.

Ин мизони талафот дар арзи панҷ соли гузашта дар Ироқ бесобиқа будааст.

Матолиби муртабит