Инфиҷори ҳашт худраве бумбгузоришуда дар Бағдод 23 кушта бар ҷой гузошт

  • 29 Июл, 2013
Image caption Танҳо дар моҳи ҷории мелодӣ беш аз 700 нафар дар натиҷаи бумбгузорӣ дар нуқоти мухталифи Ироқ кушта шуданд

Инфиҷори ҳашт худрави бумбгузоришуда дар манотиқи умдатан шиъанишини Бағдод, пойтахти Ироқ, ба кушта шудани дастикам 23 нафар мунҷар шудааст.

Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ худравҳои бумбгузоришуда дар ҳафт минтақа дар бозорҳо ва поркингҳо мунфаҷир шудаанд.

Ба гуфтаи пулис ва пизишкон беш аз яксад нафар дар ҷараёни ин инфиҷорҳо маҷрӯҳ шуданд.

Соли ҷорӣ яке аз хунбортарин солҳо аз замони ҳамла ба Ироқ дар соли 2003 будааст.

Мизони хушунатҳо дар Ироқ дар муқоиса бо солҳои 2006 ва 2007 коҳиш ёфтааст, аммо бумбгузорӣ ҳанӯз дар Ироқ амре маъмул ба шумор меравад.

Танҳо дар моҳи ҷории мелодӣ беш аз 700 нафар дар натиҷаи бумбгузорӣ дар нуқоти мухталифи ин кишвар кушта шуданд.

Таниш миёни ҷавомеъи суннимазҳаб ва шиъамазҳаби Ироқ дар моҳҳои гузашта боло гирифта ва ин кишвар шоҳиди афзоиши хушунатҳо будааст.

Тибқи гузорише, ки Созмони Милал ахиран мунташир карда, ин хушунатҳо танҳо дар се моҳи апрел, май, июн беш аз 2600 кушта бар ҷой гузоштааст.

Матолиби муртабит