Хушунатҳо дар Ироқ беш аз 30 кушта бар ҷо гузошт

  • 26 Июл, 2013
Image caption Тасвир аз инфиҷори рӯзи чаҳоршанбе, Бағдод

Дар идомаи хушунатҳои моҳҳои ахир мақомоти ироқӣ мегӯянд мавҷе аз инфиҷорҳо дар ин кишвар дастикам 31 кушта бар ҷо гузоштааст.

Бар асоси гузоришҳо, 15 нафар дар инфиҷори бумб дар шаҳри Мақдодия, дар 80-килуметрии шимоли шарқии Бағдод, пойтахти Ироқ, кушта шудаанд.

Инфиҷори бумбе дар наздикии кофее дар ҷануби Бағдод ҳам ду нафарро куштааст.

Ҳамчунин ҷасади 14 шаҳрванди шиъа, ки ба сари онон шиллик шуда, дар як исти бозрасии қуллобӣ пайдо шудааст, ки шибҳинизомиёни суннӣ дар 200-килуметрии шимоли Бағдод эҷод карда буданд.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд ин исти бозрасӣ ҳудуди ним соъат эҷод шуда буд ва зарфи ин муддат шибҳинизомиён баъд аз баррасии мадорики ҳамроҳи қурбониён, ронандагонеро, ки шиъа будаанд, бидуни диранг куштаанд.

Ин исти бозрасии қуллобӣ пас аз як ҳамлаи умда дар наздикии шаҳри Сулаймонбак, ки нерӯҳои амниятиро аз ҷода дур кард, эҷод шуда буд.

Як гузориш мегӯяд инфиҷори Мақдодия дар кофее шулӯғ рух дод, ки мардум пас аз ифтор кардани рӯзаи худ дар он гирд омада буданд.

Хабарнигорон дар Ироқ мегӯянд кофеҳое, ки шабҳо баъд аз ифтор боз ҳастанд, ба яке аз ҳадафҳои шибҳинизомиён табдил шудаанд.

Таниш миёни ҷавомеъи суннимазҳаб ва шиъамазҳаби Ироқ дар моҳҳои гузашта боло гирифта ва ин кишвар шоҳиди афзоиши хушунатҳо будааст.

Тибқи гузорише, ки Созмони Милали Муттаҳид ахиран мунташир карда, ин хушунатҳо танҳо дар се моҳи апрел, май ва июн беш аз 2600 кушта бар ҷой гузоштааст.

Гурӯҳи "Ҷасадшумори Ироқ", ки хушунатҳои дохилӣ дар ин кишварро дунбол мекунад, мегӯяд шумори кушташудагон дар моҳи ҷории мелодӣ ба беш аз 750 нафар расида ва хунбортарин моҳ дар як соли гузаштаро рақам задааст.

Таҳлилгарон мегӯянд тадовуми ҷанги дохилӣ дар Сурия ба хушунатҳои фирқаӣ дар Ироқ доман задааст.

Пайкорҷӯёни суннимазҳаб ҳамчунин худро аз Ироқ ба Сурия мерасонанд, то дар муқобили ҳукумати Башор Асад ба шӯришиён ёрӣ бирасонанд.

Матолиби муртабит