Тирандозӣ ва бумбгузорӣ дар наздикии Мусил 6 кушта бар ҷой гузошт

  • 14 Июл, 2013
бумбгузорӣ дар Ироқ

Дар ҷараёни тирандозӣ ва бумбгузориҳое дар шимоли Ироқ дастикам 6 нафар кушта ва беш аз 20 нафар захмӣ шудаанд.

Ин ҳамалот, ки тозатарин маврид аз мавҷи хушунатҳои ахир дар Ироқ аст, дар наздикии шаҳри Мусил иттифоқ уфтодааст.

Рӯзи гузашта (шанбе, 13 июл) дар ҷараёни бумбгузорӣ дар ду масҷиди аҳли тасаннун дар Бағдод, пойтахт беш аз 20 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд.

Ин бумбгузориҳо дар шаб ва пас аз баргузории маросими ибодати мусалмонон дар моҳи рамазон иттифоқ уфтод.

Ҷумъашаби 12 июл ҳам мақомоти ироқӣ аз инфиҷор дар як қаҳвахона дар шаҳри нафтхези Киркук дар шимоли ин кишвар хабар доданд, ки ба кушта шудани дасти кам 37 нафар мунҷар шуд.

Танишҳо миёни ҷавомеъи суннимазҳаб ва шиъамазҳаби Ироқ тайи соли ҷории мелодӣ шиддат гирифта ва ин кишвар шоҳиди афзоиши хушунатҳо будааст.

Ин хушунатҳо беш аз 2500 кушта бар ҷой гузошта, ки беш аз 250 нафарашон танҳо дар ҳамин моҳ яъне июл кушта шудаанд.

Раҳбарони ҷомеъаи аҳли тасаннуни Ироқ давлати Нурӣ Моликиро ба табъиз алайҳи ин ҷомеъа муттаҳам мекунад, аммо давлати Ироқ ин иттиҳомро беасос хондааст.

Матолиби муртабит