Инфиҷор дар Киркук ҳудуди 40 кушта бар ҷой гузошт

Мақомҳои ироқӣ мегӯянд, шумори кушташудагони инфиҷор дар як қаҳвахона дар шаҳри нафтхези Киркук дар шимоли ин кишвар, дасти кам ба 38 нафар расидааст.
Ин инфиҷор теъдоди зиёди маҷруҳ низ бар ҷой гузошта ва мақомот аз он бим доранд, ки теъдоди кушташудагон боз ҳам афзоиш пайдо кунад.
Ин инфиҷор шаби ҷумъа 12-уми июл билофосила пас аз ғуруби офтоб ва замоне рух дод, ки рӯзадорон барои ифтор дар ин қаҳвахона ҷамъ омадад буданд.
Таниш миёни ҷавомеъи суннимазҳаби Ироқ тайи соли ҷорӣ шиддат гирифта ва ин кишвар шоҳиди афзоиши хушунатҳо буда.
Ин хушунатҳо беш аз 2500 кушта бар ҷой гузошта, ки беш аз 250 нафарашон танҳо дар ҳамин моҳ яъне июл кушта шудаанд.
Рӯзи панҷшанбе низ беш аз 40 нафар дар як риштабумбгузорӣ ва тирандозӣ дар саросари Ироқ, аз ҷумла дар Киркук кушта шуданд.
Камтар аз ду ҳафта қабл ҳам, мавҷе аз бумбгузорӣ дар Бағдод, Басра, Самова ва Имора дасти кам 43 кушта дар ҷой гузошт.
Ба назар мерасид, ки ҳадафи ин инфиҷорҳо шиъаён буданд.Пеш аз он низ дасти кам 9 нафар дар асари инфиҷори бумб дар як замини футбол дар ҳумаи Бағдод, пойтахти Ироқ кушта шуданд.
Бинобар гузориш, аксари кушташудагони ин инфиҷор писарони навҷавони зери 16 сол буданд.
Раҳбарони ҷомеъаи аҳли тасаннуни Ироқ давлати Нурӣ Моликиро ба табъизи аҳли ин ҷомеъа муттаҳам мекунанд, аммо давлати Ироқ ин иттиҳомро беасос хондааст.
