Инфиҷори чанд бумб дар ҳашт шаҳри Ироқ 30 кушта бар ҷой гузошт

Инфиҷори чанд бумб дар ҳашт шаҳри Ироқ ба кушта шудани дастикам 30 нафар мунҷар шудааст.
Ҷануби Ироқ, ки нисбатан аз манотиқи амн ба шумор меравад, шоҳиди маргбори ин ҳамалот будааст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки бумбгузориҳо дар бозори шулуғ дар шаҳрҳои Басра ва Сария сурат гирифта зоҳиран ҳадафи ин бумбгузориҳо ғайринизомиён будаанд.
Бар асоси гузоришҳоии дарёфтӣ нерӯҳои амниятӣ бавижа дар шаҳрҳои Мусел ва Салоҳуддин ҳадафи ҳамалоти имрӯз қарор гирифтаанд.
Ҳарчанд чанд ин бумбгузориҳо умдатан дар манотиқи шиъанишин сурат гирифта, аммо хабарнигори Бибисӣ мегӯяд, ки манотиқи суннинишин ҳам аз ҳамалоти имрӯз дар амон намондаанд.
Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс ба нақл аз пулис гуфтааст маргбортарини ин ҳамалот дар наздикии маркази шаҳри Кут иттифоқ афтода, ки дар ин ҳамла ду худрави бумбгузоришуда як минтақаи санъатӣ ва гирдиҳамоии коргарони сохтимониро ҳадаф қарор дода буд.
То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамалотро ба уҳда нагирифтааст, аммо ағлаб аз гурӯҳҳои тундрави суннии муртабит ба Алқоъида ба унвони омили ин ҳамалот ёд мешавад.
Ироқ дар моҳҳои ахир саҳнаи хушунатҳои шадиде будааст.
Бими он меравад, ки ин ҳамалот бори дигар ба бурузи даргириҳои фирқаии назири он чӣ ки дар солҳои 2006 ва 2007 ин кишвар бо он рӯбарӯ буд , мунҷар шавад.
