'Қатли марде, ки Саддомро эъдом кард'

Ҳизби Баъаси Ироқ бо судури иттилоъияе эълом кард, ки яке аз ду нафареро, ки Саддом Ҳусейн, раҳбари пешини Ироқро эъдом карданд, куштааст.
Давлати Ироқ ҳанӯз ин хабарро таъйид накардааст.
Фаъъолияти ҳизби Баъас дар Ироқ ғайриқонунӣ аст, аммо Ғазат Иброҳим, муъовини Саддом Ҳусейн ҳанӯз бахше аз бозмондаҳои ин ҳизбро раҳбарӣ мекунад ва гуфта мешавад, гурӯҳи мусаллаҳе, ки таҳти унвони Сипоҳи тариқати нақшбандӣ дар Ироқ фаъъолият мекунад, бозуи низомии ин ҳизб аст.
Дар иттилоъияи ҳизби Баъас мушаххас нашуда, фарде, ки Саддом Ҳусейнро эъдом карда, чӣ замоне кушта шуда, аммо дар иттилоъия омада, ки ин мард Муҳаммад Насиф Моликӣ ном дошта ва яке аз ду марди ниқобпӯше буда, ки таноби дорро ба гардани Саддом Ҳусейн андохтанд.
Ҳамчунин дар иттилоъия омада, ки Муҳаммад Насиф Моликӣ аз хешовандони Нурӣ Моликӣ аст ва пеш аз ҳамлаи Омрико ба Ироқ дар устони Карбало, ки зодгоҳи Нурӣ Моликӣ аст, мевафурӯш буда, аммо баъдан ба тими муҳофизони шахсии Нурӣ Моликӣ мепайвандад.
Ҳизби Баъас эълом карда, ки нафароти мусаллаҳи Муҳаммад Насиф Моликиро дар ҷодаи байни шаҳри Юсуфия ба Бағдод дар ҷануби пойтахт дар камин андохта ва ба рагбори гулӯла бастаанд.
