Бумбгузорӣ дар масҷиде дар Ироқ дасти кам 20 кушта дод

  • 19 Июл, 2013

Инфиҷори бумбе дар як масҷиди сунниҳо дар Ироқ дасти кам 20 нафарро кушта ва даҳҳо нафар захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Ин инфиҷор дар масҷиде дар шаҳри Ваҷиҳия дар устони Даёла рух додааст.

Дар ҳафтаи ахир чандин масҷид дар Ироқ ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Аз оғози соли ҷории шамсӣ беш аз 2500 ироқӣ ҷони худро дар хушунатҳои фирқаӣ аз даст додаанд.

Бо идомаи бӯҳроони сиёсӣ дар Ироқ хушунат дар моҳҳои ахир боло гирифта. Гурӯҳе аз сунниҳо мегӯянд давлати Нурӣ Моликӣ, нахуствазири шиъаи Ироқ онҳоро ба ҳошия рондааст.