Инфиҷорҳои рӯзи Ошуро дар Ироқ ҳудуди 40 кушта барҷой гузошт

  • 14 Ноябр, 2013
Зоирони шиъа дар рӯзи Тосуъо низ ҳадафи ҳамалоти интиҳорӣ буданд
Image caption Зоирони шиъа дар рӯзи Тосуъо низ ҳадафи ҳамалоти интиҳорӣ буданд

Дар як ришта бумбгузорӣ дар Ироқ дар рӯзи Ошуро ҳудуди 40 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷруҳ шудаанд.

Ҳадафи ин ҳамалот зоирони шиъа будааст.

Як бумбгузори интиҳорӣ бо инфиҷори бумби ҳамроҳи худ 30 нафарро, ки дар маросими Ошуро дар шаҳри Саъдия воқеъ дар устони Диёла ширкат карда буданд, кушт.

Мақомҳои шаҳри Ҳафрия дар ҷануби Бағдод ҳам гуфтанд, ки дасти кам 9 нафар дар асари инфиҷори ду бумб кушта шуданд. Инфиҷори ин ду бумб ҳамзамон буд.

Рӯзи гузашта низ инфиҷори чандини бумб дар Ироқ зоирони шиъа ва пулисро ҳадаф қарор дод ва дасти кам 20 кушта бар ҷой гузтошт.

Эҳтимол меравад имрӯз то ду миллиюн шиъа барои ширкат дар маросими Ошуро ба Карбало бираванд.

Танишҳои фирқаӣ миёни ҷавомеъи суннимазҳаб ва шиъамазҳаби Ироқ тайи соли ҷории мелодӣ шиддат гирифта, ки аз соли 2008 бесобиқа будааст.

Ба гуфтаи Созмони Милали Муттаҳид тайи соли ҷорӣ 6500 ғайринизомӣ дар хушунатҳои Ироқ кушта шудаанд. Ин созмон мегӯяд танҳо дар моҳи октябр 979 нафар аз ҷумла 158 пулис дар ин кишвар кушта шуданд.

Ҷанги дохилии Сурия низ боъиси ташдиди хушунатҳои Ироқ шудааст. Шӯришиёни ҷиҳодии вобаста ба "Ҳукумати исломии Ироқ ва Шом", як гурӯҳи пайкорҷӯи суннӣ, ки дар Ироқ ва Сурия фаъол аст, ахиран дар Ироқ зуҳур кардаанд.

Матолиби муртабит