Мавҷи ҷадиди бумбгузорӣ дар Ироқ даҳҳо кушта ба ҷой гузошт

  • 16 Сентябр, 2013

Мақомҳои ироқӣ мегӯянд мавҷи ҷадиде аз бумбгузорӣ дар чандин шаҳри Ироқ дастикам 40 кушта ба ҷой гузоштааст

Дар ағлаби ин ҳамлаҳо маҳаллаҳои шиъанишин мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд.

Маргбортарин ҳамла дар шаҳри Ҳилла, дар ҷануби Бағдод, рӯй дод, ки пас аз инфиҷори ду худрави бумгузоришуда дастикам 15 нафар ҷон бохтанд.

Бумбҳои дигаре дар Бағдод, Басра, Носирия ва Карбало мунфаҷир шуданд.

Дар моҳҳои ахир хушунатҳои қавмӣ ва мазҳабӣ дар Ироқ боло гирифта ва ба бештарин мизони худ аз соли 2008 расидааст.

Пулиси Ироқ мегӯяд дар шаҳри Ҳилла, ки дар 95-килуметрии Бағдод қарор дорад, ду худраве бумбгузоришуда ҳамзамон дар наздикии яке аз шулуғтарин бозорҳои шаҳр мунфаҷир шуданд.

Абӯаҳад, соҳиби як мағозаи сабзифурӯшӣ, ба хабаргузории Оссушиэйтед пресс гуфт замоне ки бумбҳо мунфаҷир шуданд, вай барои коре аз мағозаи худ хориҷ шуду буд.

Ӯ гуфт замоне ки ба мағоза бозгашт, бо ҷасади хунини писараш, ки дар канори дигари аҷсод қарор дошт, рӯбарӯ шуд.

Ба гуфтаи ӯ ҳеҷ асаре аз мағозааш боқӣ намондааст.

Ҳамалоти дигари рӯзи якшанбе дар Ироқ иборатанд аз:

  • Дар Искандария, ки дар 50-килуметрии Бағдод қарор дорад, бумбе дар як поркинг мунфаҷир шуд, ки ба кушта шудани 4 нафар ва захмӣ шудани 9 тани дигар анҷомид.
  • Бумгузории дигаре дар минтақаи санъатӣ дар Карбало мунфаҷир шуда ва дастикам 4 нафар кушта шуданд.
  • Дар шаҳрҳои шиъанишини Кут 9 нафар ва дар шаҳрҳои Басра ва Носирия 8 нафар кушта шуданд.
  • Як худраве бумбгузоришуда дар наздикии корвони раиси шӯрои ноҳияи суннинишини Аъзамия дар Бағдод мунфаҷир шуд. Се нафар аз нерӯҳои амниятӣ дар ин ҳамла кушта шуданд. Ду нафари дигар низ дар пайи инфиҷори бумбе, ки дар ноҳияи ғарбии Бағдод мунфаҷир шуд, кушта шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар рӯзҳои ҷумъа ва шанбеи гузашта низ бумбгузориҳои мутаъаддид ҷони дастикам 50 нафарро гирифт.

Дар ҳафтаҳои ахир нерӯҳои амниятиии Ироқ эълом кардаанд, ки дар барномаҳои амалиётӣ садҳо нафарро, ки гуфта мешавад аз аъзои Алқоъида ҳастанд, дар Бағдод ва атрофи он дастгир кардаанд. Давлати Ироқ ин амалиётро "интиқоми шуҳадо" номидааст.

Аммо ин амалиёт, ки ағлаб дар навоҳии суннинишин ба иҷро даромадаанд, хашми сунниҳоро барангехта ва дар коҳиши хушунатҳо низ таъсире надоштаанд.

Дар канори даргириҳои қавмӣ ва мазҳабӣ, ҷанги дохилии Сурия низ ба унвони омиле дар афзоиши хушунатҳо дар Ироқ унвон мешавад.

Бино ба омори Созмони Милали Муттаҳид аз оғози соли мелодии ҷадид то кунун беш аз 5 ҳазор нафар дар Ироқ кушта шуданд.

Аз ин теъдод 800 нафар танҳо дар моҳи август кушта шуданд.

Матолиби муртабит