Шуморе аз мухолифони давлати Эрон дар Ироқ кушта шуданд

Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ дар ҷараёни ҳамла ба урдугоҳи Ашраф дар Ироқ дар авоили субҳи имрӯз (якшанбеи аввали сентябр) дастикам бист нафар кушта шудаанд.
Алии Мусавӣ, яке аз сухангӯёни нахуствазири Ироқ, зимни таъйиди ин хабар гуфтааст, ки теъдоде аз сокинони ин урдугоҳ кушта шуда ва таҳқиқоти аввалия дар ин бора дар ҷараён аст.
Оқои Мусавӣ афзуда, ки ин афрод дар натиҷаи даргирӣ дар байни сокинони ин урдугоҳ кушта шуданд ва нерӯҳои ироқӣ дар куштани ин афрод дахолате надоштаанд.
Ин дар ҳоле аст ки Шурои миллии муқовимат эълом карда, ки ин афрод дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои ироқӣ ба ин урдугоҳ кушта шуданд.
Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед Пресс Шоҳин Қубодӣ, сухангӯи созмони Муҷоҳидини халқи Эрон шумори куштаҳоро 34 нафар эълом карда.
Ҳаққӣ Шарифӣ, яке аз мақомоти ироқӣ, ки масъулияти кампи Ашрафро бар уҳда дорад, ба хабаргузории Фаронса гуфтааст: "Ҳиҷ ҳамлае аз хориҷи ин урдугоҳ сурат нагирифта ва ҳеҷ сарбозе ҳами вориди ин маҳал нашуда буд."
Ба гуфтаи ин мақоми ироқӣ ба назар мерасад он чӣ ки иттифоқ афтода марбут ба мунфаҷир шудани чанд бушка нафт ва ё гоз дар дохили урдугоҳ бошад.
Ин дар ҳоле аст ки созмони Муҷоҳидини халқ гуфтааст, ки нерӯҳои ироқӣ бо вуруд ба кампи Ашраф шуморе аз аъзои ин созмонро кушта ва васоили онҳоро дар дохили урдугоҳ ба оташ кашиданд.
Ин гурӯҳ пештар гуфта буд, ки мақомоти ироқӣ об ва барқи кампи Ашрафро ҳудуди ду ҳафта пеш қатъ карданд.
Илёнон Набо, сухангӯи Созмони Милал дар Ироқ дар ин бора гуфтааст: "Амиқан аз ҳаводиси имрӯз, ки ба кушта ва маҷруҳ шудани шуморе аз сокинони кампи Ашраф мунҷар шуда, ибрози таассуф мекунем ва аз наздик авзоъро баррасӣ мекунем."
Кампи Ашраф дар авҷи ҷанги Эрон ва Ироқ бо ҳимояти Саддом Ҳусайн, раисҷумҳӯри собиқи Ироқ барпо шуд ва гурӯҳе аз аъзои созмони Муҷоҳидини халқ ва раҳбарони ин созмон, ки ба Ироқ паноҳанда шуда буданд, дар он сокин шуданд.
Аммо пас аз ҳамлаи нерӯҳои эътилофе ба раҳбарии Омрико ва суқути ҳукумати Саддом Ҳусайн дар соли 2003 мелодӣ, сокинони ин урдугоҳ ба унвони хориҷиёни мусаллаҳи ғайримутахосим таҳти ҳифозати нерӯҳои омрикоӣ қарор гирифтанд ва баъдан халъи силоҳ шуданд.
Масъулияти ҳифозат аз ин урдугоҳ дар соли 2009 мелодӣ ба давлати Ироқ вогузор ва ин кишвар мутаъаҳҳид шуд, ки бо сокинони он тибқи қавонини Ироқ рафтор кунад ва аз истирдоди иҷбории аъзои созмони Муҷоҳидини халқ ба Эрон, ки мумкин аст ҷони ононро ба мухотира андозад, худдорӣ кунад.
Дар декабри соли 2011 мелодӣ давлати Ироқ ва мақомоти созмони Муҷоҳидини халқ тавофуқномаеро имзо карданд, ки бар асоси он қарор шуд аъзои ин созмон ба тадриҷ аз урдугоҳи Ашраф ба урдугоҳи Озодӣ (Либертӣ) мунтақил шаванд ва аз он ҷо муқаддамоти интиқолашон ба дигар кишварҳо фароҳам шавад.
Бар асоси ин тавофуқ беш аз се ҳазор нафар аз аъзои созмони Муҷоҳидини халқ ба урдугоҳи Либертӣ мунтақил шуданд ва танҳо иддаи каме аз аъзои ин созмон дар урдугоҳи Ашраф боқӣ монданд.
