Омрико бумбгузориҳо дар Ироқро маҳкум кард

Вазорати хориҷаи Омрико бумбгузорӣ дар Ироқро маҳкум кардааст.
Рӯзи шанбе инфиҷори чанд худрави бумбгузоришуда дар Бағдод, пойтахти Ироқ дасти кам 60 кушта ба ҷой гузошт.
Ёздаҳ бумб дар манотиқи мухталифи шиъа ва суннинишини Бағдод мунфаҷир шуд.
Ин инфиҷорҳо дар ҳафт маҳаллаи Бағдод рӯй дода ва ба гуфтаи пулис бозор, рестуронҳо ва қаҳвахонаҳоро ҳадаф қарор дода буданд.
Дар баёнияи вазорати хориҷаи Омрико омада ин бумбгузориҳо замоне анҷом гирифт, ки ҷашни иди Фитр боъиси афзоиши ҷамъияти ҳозир дар ин маконҳо шуда буд ва бумбгузорҳо хонаводаҳо ва мардуми оддиро ҳадаф қарор дода буданд.
Дар ин баёния бумбгузорҳо "душмани Ироқ, Иёлоти Муттаҳида ва ҷомеъаи байналмилалӣ" хонда шудаанд.
Наздик ба 300 нафар дар хушунатҳои рӯзи шанбе захмӣ шуданд.
Рамазони имсол яке аз хушунатбортарин дар моҳҳо дар Ироқ будааст. Беш аз 670 нафар дар хушунатҳо кушта шуданд.
Ин дар ҳоле аст ки нерӯҳои амниятии Ироқ дар поёни моҳи рамазон ва пеш аз фаро расидани ҷашнҳои иди Фитр тадобири амниятӣ дар кишварро шиддат бахшида буданд.
Танишҳо миёни ҷавомеъи суннимазҳаб ва шиъамазҳаби Ироқ тайи соли ҷории мелодӣ шиддат гирифта ва ин кишвар шоҳиди афзоиши хушунатҳо будааст.
Нурӣ Моликӣ гуфтааст, ки иҷоза нахоҳад дод пайкорҷӯён Ироқро ба даврони хушунатҳои қавмӣ бозгардонанд.
Бештари бумбгузориҳо тавассути пайкорҷӯёни суннимазҳаб ва алайҳи шиъиён сурат мегиранд.
Сунниҳо дар Ироқ давлати Нурӣ Моликӣ, нахуствазири ин кишварро ба табъиз алайҳи худ муттаҳам мекунанд, аммо давлати Ироқ ин иттиҳомро беасос хондааст.
Имсол беш аз 4 ҳазор нафар дар хушунатҳои ин кишвар кушта шудаанд.
