Дар як ришта ҳамалот дар Ироқ 17 нафар кушта шуданд
Дар ҷараёни як ришта ҳамалоти пайкорҷӯён ба намояндагони ниҳодҳои давлатии вилояти Анбар дар ғарби Ироқ 17 нафар кушта ва 26 нафари дигар ҳам маҷруҳ шудаанд.
Дар шаҳри Ана пас аз он ки ду худрави бумбгузоришуда дар муқобили маркази пулис мунфаҷир шуданд, 9 маъмури пулис кушта ва 12 тани дигар маҷруҳ шуданд.
Худрави савум ки тавассути ҳамлакунандаи интиҳорӣ ҳидоят мешуд дар муқобили хонаи яке аз мақомот мунфаҷир шуд ва ба дунболи он пайкорҷӯён ба он ҷо ҳамла карданд.
Чаҳор маъмури пулис ва бародари ин ин мақоми давлатӣ кушта шуданд. Се тан аз муҳоҷимон низ дар ин даргирӣ кушта шуданд.
Дар шаҳри Рава 11 сарбоз ба асари оташи хумпора маҷруҳ шуданд.
