Беш аз 20 кушта дар риштаинфиҷорҳои Ироқ

  • 20 Ноябр, 2013
мошинҳои сӯхта
Image caption Бар асоси гузоришҳо 6500 ғайринизомӣ дар 11 моҳи гузашта дар Ироқ кушта шудаанд

Беш аз 20 нафар дар асари як ришта инфиҷор дар Бағдод, пойтахти Ироқ кушта ва теъдоди дигаре низ маҷруҳ шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти ироқӣ бештари ин инфиҷорҳо дар манотиқи шиъанишини Бағдод рӯй додааст.

Ин хунинтарин инфиҷор дар минтақаи "Садрия" дар маркази пойтахт будааст. Дар ин инфиҷор бумбе, ки дар як худрав кор гузошта шуда буд, дар як бозор мунфаҷир шуд.

Инфиҷорҳо тақрибан ҳамзамон сурат гирифтааст.

Дар моҳҳои ахир ошӯбҳои қавмӣ дар Ироқ афзоиш ёфта ва ба болотарин сатҳ аз соли 2008 расидааст.

Бар асоси гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи октябри соли ҷорӣ 979 нафар аз ҷумла 158 маъмури пулис ва 127 ғайриизомии ироқӣ дар хушунатҳои мухталиф дар сатҳи кишвар кушта шудаанд.

Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст ки тайи ёздаҳ моҳи гузашта 6500 ғайринизомӣ низ дар хушунатҳои ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд.

Давлати Ироқ ситезаҷӯёни сунниро мусаббаби аслии ин ҳамалот медонад, ки шиъиёнро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд.

Авоили моҳи ҷории мелодӣ Нурӣ Моликӣ, нахуствазири Ироқ аз Омрико хост то аз тариқи кумакҳои иттилоъотӣ ва ирсоли системҳои тозаи таслиҳотӣ дар кунтрули хушунатҳо ба Ироқ кумак кунад.

Мақомоти ироқӣ нигарони он ҳастанд, ки ситезаҷӯён дар садад бошанд бо наздик шудани интихоботи порлумонӣ дар Ироқ (30 апрели 2014) ба иқдомоте барои бесабот кардани ин кишвар даст бизананд.

Матолиби муртабит