Бумбгузори интиҳорӣ дар маросими ташйеъи ҷаноза дар Ироқ худро мунфаҷир кард

Як бумбгузори интиҳорӣ бо мунфаҷир кардани худ дар маросими ташйеъи ҷанозаи яке аз пайкорҷӯёни суннӣ дар шимоли Ироқ боиси кушта шудани дасти кам 10 нафар шуд.
Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ бумбгузор дар ҷамъи афроде буд, ки дар ҳоли ташйеъ кардани ҷаноза ба суи гӯристоне дар шаҳри Меқдодия дар шимоли Бағдод буданд.
Ҳиҷ гурӯҳе то кунун масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст, аммо пайкорҷӯёни муртабит ба Алқоъида ағлаб раҳбарони суннии маҳаллӣ ва тарафдорони онҳо, ки гуфта мешавад аз давлати шиъаи Нурии Моликӣ ҳимоят мекунандро ҳадаф қарор медиҳанд.
Танишҳои фирқаӣ дар моҳҳои ахир дар Ироқ афзоиш ёфта ва то кунун ба кушта ва маҷруҳ шудани шумори зиёде мунҷар шудааст.
Ба гуфтаи давлати Ироқ ҷанги дохилӣ дар кишвари ҳамсояи Сурия ба афзоиши ин танишҳо доман задааст.
Рӯзи ҷумъа ҳам пулиси Ироқ аз кашфи аҷсоди 18 нафар хабар дод, ки ибтидо рабуда шуда ва сипас аз ноҳияи сар ҳадафи гулӯла қарор гирифта буданд.
Бано ба омори Созмони Милал дар моҳи гузаштаи мелодӣ ҳудуди ҳазор нафар, аз ҷумла 158 пулис ва 127 ғайринизомӣ дар Ироқ кушта шудаанд.
Аз январи соли гузашта то кунун 6500 ғайринизомӣ дар хушунатҳои Ироқ ҷони худро аз даст додаанд.
