Инфиҷори бумб дар маркази Бағдод 9 кушта бар ҷой гузошт

  • 12 Январ, 2014
Image caption Пайкорҷӯёни суннӣ дар авоили моҳи январ шаҳри Фаллуҷаро, ки аз аҳамияти истротежики зиёде бархурдор аст, ба тасарруфи худ дароварданд

Ба гуфтаи мақомоти ироқӣ инфиҷори бумбе дар як истгоҳи утубус дар маркази Бағдод ба кушта шудани дастикам 9 нафар ва маҷруҳ шудани 16 нафар мунҷар шудааст.

Гуфта шуда ин бумб дар худраве кор гузошта шуда буд.

Ҳанӯз ҳиҷ гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифтааст, аммо пайкорҷӯёни суннӣ дар моҳҳои ахир масъулияти шуморе аз бумбгузориҳо дар он кишвар будаанд.

Пайкорҷӯёни суннӣ дар авоили моҳи январ шаҳри Фаллуҷаро, ки аз аҳамияти истротежики зиёде бархурдор аст, ба тасарруфи худ дароварданд.

Ин шаҳр то пеш аз хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ дар ду соли пеш таҳти кунтрули ин нерӯҳо қарор дошт.

Артиши Ироқ барои бозпасгирии ин шаҳр тонк ва силоҳҳои сангин дар атрофи ин шаҳр мустақар кардааст.

Пештар Нурӣ Моликӣ, нахуствазири Ироқ гуфт, ки агар мардуми Фаллуҷа пайкорҷӯёнро аз ин шаҳр берун кунанд, артиш ба шаҳр ҳамла нахоҳад кард.

Матолиби муртабит