Дидабони Ҳуқуқи Башар хушунат нисбати ғайринизомиён дар устони Анборро маҳкум кард

  • 9 Январ, 2014
мардуми Фаллуҷа
Image caption Шумори зиёде аз мардуми Фаллуҷа аз тарси даргириҳо аз ин шаҳр гурехтаанд

Дидабони Ҳуқуқи Башар бо интишори гузорише хушунат ва бадрафтории нерӯҳои давлатӣ ва пайкорҷӯёнро нисбат ба ғайринизомиён дар устони Анбор дар Ироқ маҳкум кардааст.

Дар ин гузориш омадааст: "Зоҳиран истифода аз шеваҳои ғайриқонунӣ дар ҷанг тавассути гурӯҳҳои даргир ба талафоте дар байни ғайринизомиён мунҷар шудааст."

Ин гурӯҳи ҳуқуқибашарӣ аз нерӯҳои ироқӣ ва пайкорҷӯён ба далели анҷоми ҳамалоте дар манотиқи ғайринизомӣ интиқод кардааст.

Ин гузориш дар ҳоле мунташир шуда, ки гуфта шуда нерӯҳои давлатӣ худро барои анҷоми ҳамлаҳои густарда алайҳи пайкорҷӯёни Алқоъидаи мустақар дар шаҳри Фаллуҷа омода мекунанд.

Пайкорҷӯёни суннии муртабит ба Давлати исломии Ироқ ва Шоми (ДОАШ) ва афроди мусаллаҳи қабилаӣ, ки аз сиёсатҳои давлати умдатан шиъаи Нурии Моликӣ хашмнок ҳастанд, ҳафтаи гузашта пас аз даргириҳо бо нерӯҳои давлатӣ нуқоти аслии шаҳри Фаллуҷаро дар устони Анбор ба кунтрули худ дароварданд.

Дидабони Ҳуқуқи Башар бар асоси гузоришҳо аз шоҳидони айнӣ гуфтааст, ки нерӯҳои Ироқ иқдом ба партоби хумпора ва тирандозӣ дар манотиқи ғайринизомӣ мекунанд, ки зоҳиран дар баъзе аз ин манотиқ пайкорҷӯёни Алқоъида ҳузур надоранд.

Дар ҳамин робита Соро Лиё Уитсун, масъули минтақаии Дидабони Ҳуқуқи Башар гуфтааст: "Давлат фавран бояд иқдоме дар мавриди таҳдиди Алқоъида анҷом диҳад."

Ба гуфтаи ин мақом "куштани ғайриқонунии ғайринизомиён роҳе барои муқобала бо таҳдиди Алқоъида нест."

Хонуми Лиё Уитсун афзуда: "Ғайринизомиён дар шаҳри Анбор гирифтор шудаанд ва давлат зоҳиран коре барои ҳифозат аз онҳо анҷом намедиҳад."

Шурои устони Анбор авзоъи шаҳри Фаллуҷаро "фоҷиъабор" тавсиф кардааст.

Гузориш шуда нерӯҳои Ироқ Фаллуҷаро муҳосира кардаанд ва пустҳои аслии бозрасиро дар шарқ, шимол ва ҷануби ин шаҳр бастаанд.

Бар асоси гузориши Созмони Милал ва созмонҳои ғайридавлатӣ ҳазорон нафар аз тарси даргириҳо аз ин шаҳр гурехтаанд.

Мавҷи ҷадиди хушунатҳо дар Ироқ пас аз он шуруъ шуд, ки нерӯҳои ироқӣ дар авохири моҳи гузаштаи мелодӣ иқдом ба барчидани як кампи эътирозии аъроби суннӣ дар шаҳри Рамодиро карданд. Дар ҷараёни ин даргириҳо дастикам 10 нафар кушта шуданд.

Сунниҳои Ироқ беш аз як сол аст, ки дархости канорагирии Нурӣ Моликӣ, нахуствазири шиъаи Ироқро доранд.

Сунниҳо давлати Нурӣ Моликиро ба табъизи алайҳи ақаллияти суннӣ муттаҳам карда ва мегӯянд, ки муқаррароти сахти зидитерруристӣ ба таври ғайриодилонае ин ақаллиятро ҳадаф қарор додааст .

Матолиби муртабит