Шибҳнизомиёни суннии Ироқ дар муқобала бо давлат

  • 2 Январ, 2014

Гузоришҳои расида аз Ироқ ҳокӣ аст, ки бахшҳое аз шаҳрҳои Фаллуҷа ва Рамодӣ дар устони Анбор "ба тасарруфи" шибҳнизомиёни суннии вобаста ба шабакаи Алқоъида даромадааст.

Ба гуфтаи як шоҳиди айнӣ шибҳнизомиён дар марказ ва ҷануби Фаллуҷа пустҳои бозрасӣ эҷод кардаанд.

Рӯзи чаҳоршанбеи аввали январ (11дай) дар баъзе аз шаҳрҳои устони Анбор шибҳнизомиёни суннӣ баъзе аз истгоҳҳои холии пулис ва артишро ба тасарруф дароварданд.

Нурӣ Моликӣ, нахуствазири Ироқ аз раҳбарони қабилаии суннӣ хостааст, то барои мубориза бо шибҳнизомиён ба давлат кумак кунанд ва гуфтааст, ки ба шикоёти сунниҳо расидагӣ хоҳад кард.

Аз шанбеи гузашта, ки пулис ва сарбозон қасди боздошти Аҳмад Алалвонӣ, намояндаи суннии порлумон ва мунтақиди давлати Нурӣ Моликиро дар шаҳри Рамодӣ доштанд, таниш ба шиддат рӯ ба афзоиш гузоштааст.

Аввали ҳафтаи ҷорӣ ҳам иқдоми нерӯҳои ироқӣ дар шаҳри Рамодӣ барои барчидани чодарҳои муътаризони суннӣ, ба бархурди шадиде мунҷар шуд, ки дар натиҷаи он 14 нафар ҷони худро аз даст доданд ва дар эътироз ба ин иқдом чиҳилу чаҳор намоянда аз эътилофи сиёсатмадорони суннӣ истеъфономаи худро ба порлумони Ироқ ироа доданд.

Дар як конфаронси хабарӣ намояндагони порлумон аз эътилофи сиёсатмадорони суннӣ хостори ақибнишинии артиш ва озодии Аҳмад Алалвонӣ, намояндаи порлумон шуданд.

Матолиби муртабит