Омрико барои мубориза бо Алқоъида ба Ироқ мушак ва паҳпод медиҳад

Иёлоти Муттаҳида таъйид кардааст, ки даҳҳо мушак ва паҳпод ба Ироқ медиҳад, то бо "мубориза бо Алқоъида" кумак кунад.
Ахиран ҳузури гурӯҳҳои муртабит бо Алқоъида дар нвоҳии марзии Ироқ бо Сурия тақвият шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти ду кишвар 75 мушаки ҳаво ба замин ҳафтаи гузашта ба Ироқ фиристода шудааст.
Маҳмулае аз ҳавопаймои таҷассусии бидуни сарнишин ҳам қарор аст дар моҳҳои оянда ба Ироқ бирасад.
Нерӯҳои Ироқ ахиран амалиёт алайҳи шибҳинизомиёни Алқоъидаро дар устони кавирии "Анбор", ки дар марз бо Сурия аст, оғоз кардаанд.
Ҷен Сокӣ, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Омрико, рӯзи панҷшанбеи 26 декабр гузоришҳо дар бораи ирсоли мушаки Hellfire ба Ироқро таъйид кард ва ҳамчунин гуфт, ки паҳподҳои (ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин) омрикоии ScanEagle низ базудӣ ба Ироқ мерасад.
Хонуми Сокӣ бо ишора ба муъоҳидаи соли 2008 байни ду кишвар гуфт, ки Омрико ба ҳимоят аз "муборизаи Ироқ бо терурисм" мутаъаҳҳид аст.
Ба гуфтаи сухангӯйи Вазорати хориҷаи Омрико, Алқоъида "душмани муштараки Омрико ва Ироқ" ва "хатари бузурге барои кулли минтақа" аст.
Омрико мегӯяд фурӯши ин таҷҳизот ба Ироқ дар чорчӯби фурӯшҳои хориҷии "мутаъориф" ба шумор меояд.
Нурии Моликӣ, нахуствазири Ироқ, дар сафари ахири худ ба Омрико, аз раисҷумҳурии он кишвар хост барои мубориза бо Алқоъида ба Бағдод кумак кунад.
Борок Убомо низ дар ин бора бар ҳимоят аз Ироқ таъкид кардааст.
Тибқи гузоришҳо, ҳавопаймоҳои ироқӣ аз мушакҳои Hellfire дар ҳадаф гирифтани махфигоҳҳо ва васоили нақлияи шибҳинизомиён дар устони "Анбор" истифода мекунанд.
Ироқ пештар ҳам ин навъ аз мушакҳои ирсолиро дар ихтиёр дошта, аммо тибқи бархе гузоришҳо, захирааш аз ин таслиҳот рӯ ба поён будааст.
Ин тур ба назар мерасад, ки бо тараддуди пуршумори шибҳинизомиён аз марзҳои сусти ин минтақа Алқоъида ахиран дар ин устони ҳамҷавори Сурия таҷдиди қуво кардааст.
Дар як соли гузашта хушунатҳои маргбор дар Ироқ ҷаҳиш пайдо кардааст.
Созмони Милали Муттаҳид баровард кардааст, ки дар ин даргириҳои фирқаӣ, ки умдатан манотиқи шиъанишинро ҳадаф гирифтаанд, беш аз 8000 нафар кушта шудаанд.
