Дархости Нурӣ Моликӣ аз мардуми Фаллуҷа барои берун рондани пайкорҷӯёни Алқоъида

  • 6 Январ, 2014

Нурӣ Моликӣ, нахуствазири Ироқ аз сокинони шаҳри Фаллуҷа хоста то пайкорҷӯёни вобаста ба Алқоъидаро, ки дар ҳоли ҳозир кунтрули ин шаҳрро дар ихтиёр доранд, аз Фаллуҷа хориҷ кунанд.

Оқои Моликӣ гуфтааст чунончи мардуми Фаллуҷа "терруристҳо"-ро аз ин шаҳр берун кунанд, дигар ин манотиқ дар маърази даргириҳои мусаллаҳонаи хатарнок қарор нахоҳад гирифт.

Шаҳри Фаллуҷа, ки аз аҳамияти истротежики зиёде бархурдор аст, рӯзи шанбе (4 январ) ба тасарруфи як гурӯҳи вобаста ба шабакаи Алқоъида мавсум ба "Давлати исломии Ироқ ва Шом" даромад.

Ин шаҳр то пеш аз хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ дар ду соли пеш таҳти кунтрули ин нерӯҳо қарор дошт.

Дар пайи тасарруфи Фаллуҷа тавассути пайкорҷӯёни вобаста ба Алқоъида ҳазорон нафар аз сокинони ин шаҳр аз бими оташи тӯпхона ва ҳамалоти ҳавоии артиш маҷбур ба фирор шудаанд.

Эрон ва Омрико ҳар ду ба Бағдод пешниҳоди кумаки низомӣ, бидуни таъмини нерӯ додаанд.

Фалуҷа барои бисёре аз ироқиҳо, бавижа арабҳои суннӣ, шаҳре нумодин аст ва самбули ҷангҳоест, ки миёни нерӯҳои шӯришӣ ва нерӯҳои эътилоф ба ҳимояти Оирико дар соли 2004 рӯй дод.

Мавҷи ҷадиди хушунатҳо дар Ироқ аз ҳафтаи гузашта ва пас аз он шуруъ шуд, ки нерӯҳои ироқӣ иқдом ба барчидани як кампи эътирозии аъроби суннӣ дар шаҳри Рамодиро карданд. Дар ҷараёни ин даргириҳо дастикам 10 нафар кушта шуданд.

Сунниҳои Ироқ беш аз як сол аст, ки дархости канорагирии Нурӣ Моликӣ, нахуствазири шиъаи Ироқро доранд.

Сунниҳо давлати Нурӣ Моликиро ба табъиз алайҳи ақаллияти суннӣ муттаҳам карда ва мегӯянд, ки муқаррароти сахти зидитерруристӣ ба таври ғайриодилона ин ақаллиятро ҳадаф қарор додааст.

Матолиби муртабит