Керрӣ: Аз давлати Ироқ ҳимоят мекунем, аммо ба он ҷо нерӯ намефиристем

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки Омрико аз давлати Ироқ дар баробари шибҳнизомиёни суннӣ пуштибонӣ мекунад, аммо қасд надорад, ки нерӯҳои низомии худро ба ин кишвар бозгардонад.
Оқои Керрӣ дар Байтулмуқаддас ба хабарнигорон гуфт: "Мо дар канори давлати Ироқ меистем, то ин таҳаррукот барои эҷоди бесаботиро ақаб биронем. Аммо ба ин ки нерӯ бифиристем, фикр намекунем, ин ҷанги худашон аст. Ин тасмиме аст, ки пеш аз инҳо гирифтаем."
Вазири хориҷаи Омрико нисбат ба ин ки давлати Нурӣ Моликӣ битавонад шибҳнизомиёнро шикаст диҳад, ибрози итминон кардааст.
Хушунатҳо дар Ироқ аз рӯзи чаҳоршанбе ба сатҳе бесобиқа дар солҳои ахир расидааст. Шибҳ низомиёни суннӣ, ки бархе аз онҳо бо нерӯҳои Алқоъида иртибот доранд, тавонистанд бахшҳое аз Рамодӣ ва Фаллуҷаро тасарруф кунанд.
Як манбаъи манбаи амниятӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ҷануби шаҳри Фаллуҷа дар ихтиёри гурӯҳи Ҳукумати исломии шом ва Ироқ аст. Ба гуфтаи як хабарнигори ироқӣ бақияи шаҳр ҳам дар дасти ашираҳое аст, ки бо Алқоъида дар иртиботанд.
Бахши чашмгире аз сунниҳои Ироқ мегӯянд, давлати Нурӣ Моликӣ, нахуствазири шиъаи Ироқ ба табъиз алайҳи онон даст мезанад.
Хушунатҳои Ироқ дар моҳҳои ахир ба таври қобили мулоҳизае ташдид шудааст ва ба эъломи Созмони Милал дар соли 2013 дастикам 7818 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Албатта ин мизони талафот ҳанӯз камтар аз авҷи хушунатҳо дар соли 2006 ва 2007 аст.
