Мавҷи фирори ҳазорон нафар аз Фалуҷа дар пайи бумборони шаҳр

  • 6 Январ, 2014
Ироқ
Image caption Бо ба дасти шӯришиён гузаштани шаҳр, ҳазорон хонавода Фалуҷаро тарк мекунанд

Шоҳидони айнӣ ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки ҳазорон нафар аз сокинони шаҳри Фалуҷаи Ироқ дар ҳоли фирор аз оташи тӯпхона ва ҳамалоти ҳавоии артиши ин кишваранд.

Мавҷи хуруҷи сокинон аз ин минтақа дар пайи изъони давлати Ироқ ба аз даст додани кунтрули Фалуҷа ва вогузории шаҳр ба шибҳинизомиёни вобаста ба Алқоъида ва қабоили ҳамдасти онҳо падид омадааст.

Дар Рамодӣ, дар устони Анбор, низ даргириҳое гузориш шудааст.

Бахшҳое аз устони Анбор низ дар кунтрули шибҳинизомиён аст.

Эрон ва Омрико ҳарду ба Бағдод пешниҳоди кумаки низомӣ, бидуни таъмини нерӯ, додаанд.

Фалуҷа барои бисёре аз ироқиҳо, бавижа арабҳои суннӣ, шаҳре нумодин аст ва самбули ҷангҳоест, ки миёни нерӯҳои шӯришӣ ва нерӯҳои эътилоф ба ҳимояти Оирико дар соли 2004 рӯй дод.

Тозатарин мавҷи хушунатҳо рӯзи душанбе дар Анбор шурӯъ шуд, замоне ки нерӯҳои ироқӣ як кемпи эътирозии аъроби сунниро дар шаҳри Рамодӣ муталошӣ карданд.

Рӯзи якшанбе Бағдод, пойтахт, низ шоҳиди чанд инфиҷори паёпай буд, ки мунҷар ба кушта шудани дастикам чаҳордаҳ нафар ва захмӣ шудани даҳҳо тани дигар шудааст.

Ду бумб, ки дар утумубил кор гузошта шуда буд, дар минтақаи шиъанишини "Шаъб" мунфаҷир шуд ва 9 кушта барҷой гузошт.

Ин ду бумб ҳамзамон дар муҷовирати як рестурон ва кофе мунфаҷир шуданд.

Ду инфиҷори ҷудогонаи дигар дар Бағдод низ шумори бештаре кушта ва маҷрӯҳ барҷой гузоштааст.

Камбуд

Аҳмад Алҷамилӣ, рӯзноманигори маҳаллӣ ва сокини Фалуҷа, ба Би-би-сӣ гуфт, ки шаҳр зери оташи тӯпхона ва бумборони ҳавоӣ аст ва бумборони сангин рӯзи якшанбе низ идома доштааст.

Image caption Шибҳинизомиёни суннӣ, ки бархе онҳо бо нерӯҳои Алқоъида иртибот доранд, тавонистаанд бахшҳое аз Рамодӣ ва Фалуҷаро тасарруф кунанд

Ба гуфтаи ӯ, бахшҳои бахусусе аз шаҳр, мисли Алъаскарӣ, Ашшуҳадо, Анназл ва Аландалус ва Алҷафифӣ ҳадафи ҳамалот ҳастанд.

Ба гуфтаи оқои Алҷамилӣ, артиш аз пойгоҳи низомии Ториқ, дар шаҳри Фалуҷа, барои ин ҳамалот истифода мекунад.

Ин рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд ҳазорон хонавода аз хонаҳояшон ба рустоҳои атроф гурехтаанд, то ҷонашонро аз ҳамалот наҷот диҳанд ва гирифтори камбуди ғизо ва сӯхти ҳоким бар шаҳр ҳастанд.

Сокинони дигаре низ мавҷи хурӯҷ аз Фалуҷаро таъйид кардаанд.

Ин фирори дастаҷамъӣ дар пайи он рух дод, ки фармондеҳи низомии устони Анбор ба хабарнигорон гуфт берун рондани комили шибҳинизомиёни вобаста ба Алқоъида аз ду шаҳри Фалуҷа ва Рамодӣ чанд рӯз тӯл хоҳад кашид.

Хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон аз қавли Муҳаммади Ҳиҷозӣ, муъовини путибонии ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, навишта, ки Теҳрон омода аст таҷҳизоти низомӣ ва мушовараи лозимро барои кумак ба ҷанг бо Алқоъида дар ихтиёри Бағдод қарор диҳад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, низ гуфтааст, ки кишвараш аз давлати Ироқ дар муқобили шибҳинизомиёни суннӣ ҳимоят мекунад, аммо қасд надорад, ки нерӯи худро ба Ироқ бозгардонад.

Ҳадафгирии фирқаӣ

Даргириҳо дар устони Анбор дар бистари шиддат гирифтани хашми аъроби суннӣ аз наҳваи рафтори давлати ба раҳбарии шиъаи Ироқ рӯй медиҳад.

Ин идда мегӯянд ақаллияти суннии араб дар Ироқ ҳадафи аслии тадобири зиддитеруристии вазъшуда тавассути давлат қарор гирифтааст.

Рӯзи чаҳоршанбе Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки дастикам 7818 ғайринизомӣ ва 1050 нафар аз нерӯҳои амниятии Ироқ дар соли 2013 кушта шудаанд.

Ин омор болотарин нархи талафот дар чанд соли гузашта аст, вале ҳанӯз бисёр пойинтар аз авҷи шӯришҳои Ироқ дар солҳои 2006 ва 2007 аст.

Нерӯҳои омрикоӣ амалиёти размии худ дар Ироқро авохири соли 2010 поён доданд ва дар поёни соли 2011 кишварро тарк карданд.

Матолиби муртабит