Ироқ барои куштани пайкорҷӯёни Алқоъида 18 ҳазор дулор ҷоиза медиҳад
Image copyrightAFPДавлати Ироқ эълом карда, ки барои куштани ҳар пайкорҷӯи Алқоъида ҳафдаҳ ҳазор дулор ҷоиза медиҳад.
Давлати Ироқ дар баёнияе, ки дар сойти вазорати дифоъи ин кишвар мунташир шуда, гуфтааст, ки миқдори мушобеҳеро барои боздошти аъзои гурӯҳи Ҳукумати исломии Ироқ ва Шом дар назар гирифтааст.
Ин гурӯҳ масъулияти бисёре аз ҳамалоти интиҳории ахир дар Ироқ буда, ки ба ҳаросҳо аз шуълавар шудани дубораи хушунатҳои қавмӣ дар ин кишвар доман задааст.
Моҳи пеш гурӯҳи Ҳукумати исломии Ироқ ва Шом ду шаҳри Фаллуҷа ва Рамодиро дар устони Анбор дар кунтрули худ гирифт ва давлати Ироқ то кунун муваффақ нашуда нерӯҳои вобаста ба ин гурӯҳро аз ин ду шаҳр берун биронад.
Себостян Ошер, сардабири масоъили ҷаҳони араб дар Би-би-сӣ мегӯяд ин масъала нишон медиҳад, ки авзоъи амниятӣ дар як соли гузашта то чӣ ҳад рӯ ба вахомат гузоштааст.
Дар ҳар моҳ чандин инфиҷори ҳамоҳанг дар шаҳрҳои мухталифи Ироқ рӯй медиҳанд, ки талафот ва харобиҳои густарда ба бор меоваранд.
Ҳамалоти гурӯҳи Ҳукумати исломии Ироқ ва Шом умдатан мутаваҷҷеҳи маҳаллот ва манотиқи шиъанишин аст.
Хушунатҳои Ироқ дар моҳҳои ахир ба таври қобили мулоҳиза афзоиш пайдо кардааст ва ба эъломи Созмони Милал дар соли 2013 наздик ба 8 ҳазор ғайринизомӣ кушта шудаанд.
