Амалиёти артиши Ироқ алайҳи пайкорҷӯён дар Рамодӣ

  • 19 Январ, 2014
тонкImage copyrightReuters
Image caption Манобеъи низомӣ ҳамчунин гуфтаанд, ки ин амалиёт бо ҳимояти нерӯҳои заминӣ анҷом мешавад

Артиши Ироқ амалиёти бузургеро дар манотиқе, ки дар ихтиёри пайкорҷӯёни вобаста ба Алқоъида дар шаҳри Рамодӣ қарор дорад, оғоз кардааст.

Ба гуфтаи нерӯҳои амниятӣ ҳеликуптерҳо манотиқеро, ки дар кунтрули пайкорҷӯёни Давлати исломии Ироқ ва Шом (ДОАШ), қарор дорад, бумборон кардаанд.

Манобеъи низомӣ ҳамчунин гуфтаанд, ки ин амалиёт бо ҳимояти нерӯҳои заминӣ анҷом мешавад.

Яке аз нерӯҳои пулис гуфтааст, ки дар амалиёт алайҳи пайкорҷӯёни вобаста ба Алқоъида ҷангҷуёни қабилаҳо ва пулис ҳам ҳузур доранд.

Пайкорҷӯёни суннӣ дар авоили моҳи ҷорӣ бахшҳое аз Рамодӣ ва шаҳри Фаллуҷаро ба кунтрули худ дар даровардаанд.

Сунниҳо давлати Нурӣ Моликиро ба табъиз алайҳи ақаллияти суннӣ муттаҳам карда ва мегӯянд, ки муқаррароти сахти зидитерруристӣ ба таври ғайриодилона ин ақаллиятро ҳадаф қарор додааст.

Фаллуҷа барои бисёре аз ироқиҳо ба вижа арабҳои суннӣ шаҳре намодин аст ва самбули ҷангҳое аст, ки миёни нерӯҳои шӯришӣ ва нерӯҳои эътилоф ба ҳимояти Омрико дар соли 2004 рӯй дод.

Ироқ дар моҳҳои ахири саҳнаи даргириҳои фирқаӣ аст. Хушунатҳо дар ин кишвар ба ҳадде афзоиш ёфта, ки соли гузашта хунбортарин соли Ироқ аз 2008 токунун будааст.

Матолиби муртабит