Муқтадо Садр, рӯҳонии тундрави шиъаи ироқӣ аз сиёсат канорагирӣ кард
Image copyrightAFPМуқтадо Садр, рӯҳонии тундрави шиъа дар Ироқ дар ёддоште дар сойти интернетии худ гуфтааст, ки аз ин пас аз сиёсат дурӣ хоҳад гузид.
Ӯ гуфтааст, ки на мақоми давлатӣ хоҳад дошт ва на барои намояндагӣ дар маҷлиси Ироқ номзад таъин хоҳад кард.
Муқтадо Садр ва гурӯҳи мусаллаҳи ӯ мавсум ба "Ҷайш-ул-Маҳдӣ" (Артиши Маҳдӣ) пас аз ҳамлаи низомиёни хориҷӣ таҳти раҳбарии Омрико ба Ироқ дар соли 2003 дар он кишвар шӯҳрат ёфтанд.
Нерӯҳои ӯ ба каррот бо низомиёни омрикоӣ дар Ироқ даргир шуданд ва худи ӯ ҳам чанд соле дар он мақтаъ дар Эрон дар "табъид" ба сар бурд.
Дар солҳои ахир бо афзоиши нуфузи Нурӣ Моликӣ, нахуствазири Ироқ мавқеъияти сиёсии Муқтадо Садр дар он кишвар заъиф шудааст.
Ӯ ва атрофиёнаш аланан мухолифи тасмими оқои Моликӣ барои номзадӣ дар интихоботи Ироқ дар моҳи апрели отӣ ҳастанд.
Нерӯҳои вафодор ба Муқтадо Садр дар соли 2008 мустақиман бо артиши Ироқ, ки таҳти фармондиҳии Нурӣ Моликӣ аст, даргир шуданд ва пас аз боздошти бисёре аз онҳо оқои Садр гуфт, ки артиши Маҳдиро мунҳал хоҳад кард.
Ӯ ниҳоятан дар соли 2011 аз Эрон ба Ироқ бозгашт ва аз он замон мавозеъ ва лаҳни сиёсии ӯ ва атрофиёнаш нисбат ба гузашта мутаъодил будааст.
Муқтадо Садр бахше бузурге аз маҳбубияти худро мадюни падараш оятуллоҳ Садр буд, ки гуфта мешавад ба дасти маъмурони Саддом Ҳусайн ба қатл расид. Ағлаби тарафдорони ӯро ақшори ҷавон ва фақири шиъа дар яке аз шаҳракҳои шиъанишин дар ҳошияи Бағдод ташкил медиҳанд.
