Раъйгирӣ дар интихоботи порлумонии Ироқ идома дорад

  • 30 Апрел, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Мардуми Ироқ дар нахустин интихоботи порлумонӣ аз замони хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ ширкат мекунанд

Раъйгирӣ дар интихоботи порлумонии Ироқ дар ин кишвар ҳамроҳ бо гузоришҳое аз иқдомоти хушунатомез дар ин кишвар идома дорад.

Рӯзи чаҳоршанбеи 30 апрел марокизи ахзи раъй дар ҳаждаҳ устон дар Ироқ аз соъати 7-и бомдод ба вақти маҳаллӣ оғоз ба кор карданд ва қарор аст то соъати 6-и баъд аз зуҳр ба кори худ идома диҳанд.

Ба гузориши манобеъи давлатии Ироқ, дар соъоти аввалия раъйгирӣ ду хумпора ба сӯйи як маркази ахзи раъй дар Бағдод шиллик шуд ва хисороте бар ҷой гузошт, аммо талафоти ҷонӣ дар пай надошт.

Ин нахустин интихоботи порлумонии Ироқ аз замони хуруҷи комили нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар аст, ки аз замони сарнагунии ҳукумати Саддом Ҳусейн, раиси ҷумҳурии собиқ, дар соли 2003 дар ин кишвар ҳузур доштанд. Охирин воҳидҳои низомии омрикоӣ дар соли 2011 Ироқро тарк карданд.

Image copyrightAFP
Image caption Нурӣ Моликӣ пирӯзе қатъӣ аст

Ба гуфтаи манобеъи давлатии Ироқ, дар интихоботи порлумонии ҷорӣ бисту ду милюн нафар раъйдиҳанда сабти ном кардаанд, то сесаду бисту ҳашт узви порлумони Ироқро аз миёни ҳудуди нуҳ ҳазор номзади ин интихобот баргузиданд. Порлумони Ироқ дорои як як маҷлис ба номи "Маҷлиси намояндагони Ироқ" аст.

Дар интихоботи ҷорӣ шахсиятҳои мустақил, аҳзоб, гурӯҳҳо ва эътилофҳои мухталиф ба рақобат пардохтаанд ва натиҷаи раъйгирӣ сарнавишти давлати ояндаи Ироқро таъйин хоҳад кард. Тайи ҳудуди ҳашт соли гузашта, раҳбарии давлати Ироқро Нурӣ Моликӣ дар симати нахуствазир бар уҳда доштааст.

Оқои Моликӣ, аз ҳизби шиъиии Алдаъва, дар раъси эътилофе аз гурӯҳҳо ва шахсиятҳои сиёсии мухталиф ба номи эътилофи давлат қарор дорад ҳарчанд ин эътилоф дар маҷмӯъи як ташаккул таҳти раҳбарии шиъиён шинохта мешавад.

Дар интихоботи ҷорӣ аҳзоб ва гурӯҳҳои мухталиф даргири рақобати фишурдае будаанд ва илова бар насби пустер ва плокорд ва баргузории иҷтимоъоти интихоботӣ ба ироаи барномаҳои худ аз тариқи таблиғот ва ширкат дар мунозирот дар шабакаҳои родию ва телевизиюнӣ рӯй овардаанд.

Номзадҳои интихоботӣ кӯшидаанд дар таблиғоти худ мутолиботи мардуми Ироқро мавриди назар қарор диҳанд, ки феҳристе тӯлонӣ аз барқарории амният ва решакании фасод то беҳбуди хадамоти иҷтимоъӣ ва таъмини колоҳои асосиро дар бар мегирад. Ба далели эҳтимоли ҳамалоти хушунатомез дар ҷараёни раъйгирӣ, тадобири амниятии густардае дар Ироқ ба иҷро гузошта шуда ва нерӯҳои амниятӣ ва маъмурони имдоди пизишкӣ дар марокизи ахзи раъй мустақар ҳастанд.

Image copyrightReuters
Image caption Кондидоҳо барои касби пирӯзӣ феҳристи тӯлонии мутолиботи мардумро дар таблиғоти худ дар назар гирифтаанд.

Дар остонаи интихобот амалиёти теруристӣ дар нуқоти мухталифи Ироқ шиддат гирифт ва тайи як моҳи гузашта ба кушта шудани беш аз ҳафтсад нафар мунҷар шуд. Ин муддат шоҳиди бештарин талафоти ношӣ аз хушунати дохилӣ аз замони даргириҳои фирқаии солҳои 2006 то 2007 аст, ки дар ҷараёни он чанд ҳазор тан кушта ва ҳазорон нафари дигар овора шуданд. Ин даргириҳо саранҷом бо иҷрои сиёсати ҷадиди давлати вақти Омрико, ки аз ҷумла шомили ҷалби ҳимоят ва ташкили гурӯҳҳое аз сунниёни мухолифи шабакаи Алқоъида буд, хотима ёфт.

Ташдиди хушунат боъис шудааст, ки нисбат ба ширкати густардаи мардум дар ин раъйгирӣ тардидҳое иброз шавад, бахусус ин ки бархе гурӯҳҳои тундрави суннӣ таъкид доштаанд, ки натиҷаи интихобот ҳар чи ки бошад ба зиёни ақаллияти аъроби суннии Ироқ тамом хоҳад шуд.

.

Матолиби муртабит