Нигаронии вазорати хориҷаи Омрико аз 'мубодилоти аслиҳаи миёни Эрону Ироқ'
Image copyrightGettyВазорати умури хориҷаи Омрико гузоришҳои мунташиршудаи марбут ба имзои қарордоди фурӯши таслиҳоти Эрон ба Ироқро шадидан нигаронкунанда хонд ва гуфт дар сурати воқеъӣ будани ин гузоришҳо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар мамнуъияти табодули таслиҳотӣ бо Эрон нақз шудааст.
Рӯзи душанбе (24 феврал) хабаргузории "Руйтерз" аз Бағдод гузориш дод бар асоси асноде, ки ба даст оварда, Ироқ қарордоди хариди 195 милюн дулор аслиҳаро бо Эрон имзо кардааст.
"Руйтерз" мегӯяд ин қарордод ба имзои вузарои дифоъи Эрон в Ироқ расидааст ва ба ҳудуди 4 моҳи пеш бармегардад.
Бо ин ҳама, чанде пеш хабаргузории "Форс"-и Эрон ба нақл аз Ҳасани Доноифар, сафири Эрон дар Ироқ, навишта буд Ироқ то кунун дархости хариди ҳеч гуна силоҳ ё таҷҳизоти низомӣ "барои мубориза бо гурӯҳҳои теруристӣ" аз Ҷумҳурии Исломии Эрон накарда ва қасди имзои ҳеч гуна қарордоде барои мусаллаҳ кардани нерӯҳои низомии Ироқ бо Эронро надорад.
Сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Омрико гуфтааст аз давлати Ироқ хоста шуда дар хусуси ин гузоришҳо тавзеҳ диҳад.
Хабаргузории "Руйтерз", ки мегӯяд асноди расмии марбут ба ин қарордодҳоро ба даст оварда, хабар дода, ки шаш қарордод аз ҳашт қарордоди имзошуда бо Созмони саноеъи дифоъии Эрон баста шудааст ва бар асоси он Эрон мутаъаҳҳид шуда аслиҳаи сабук ва ва нимасабук, хумпораандоз, муҳиммоти тонк ва тӯпхона ба Ироқ бифурӯшад.
"Руйтерз" ҳамчунин ба нақл аз як диплумоти Шӯрои Амният бидуни зикри ном навиштааст, Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз ин қарордод бохабар буда ва аз он ибрози нигаронӣ кардааст.
Бар асоси гузориши ин хабаргузорӣ, ду қарордоди дигар бо Саноеъи электруники Эрон ҷиҳати таъмини дурбинҳои диди шаб, таҷҳизоти иртиботӣ ва низ либосҳои муқовим дар баробари маводди шимиёӣ имзо шудааст.
"Руйтерз" навиштааст дар қарордодҳо таърихи таҳвили ин таслиҳот мушаххас нашудааст.
Ироқ бахши умдаи таслиҳоти худро аз Омрико дарёфт мекунад.
Дар пайи боло гирифтани хушунатҳо дар Ироқ, Омрико ба Бағдод ваъда дод, ки фурӯши таслиҳот ба ин кишварро суръат мебахшад.
Вошингтун дар моҳҳои гузашта мушаки "Ҳелфойр" ва ҳавопаймои таҷассусии бидуни сарнишин дар ихтиёри Ироқ гузоштааст ва дар мароҳили таҳвили ҷангандаҳои Эф-16 ба ин кишвар аст, ки муддатҳо ба далели нигарониҳои кунгре аз амалкарди давлати Нурӣ Моликӣ ба таъхир афтодааст.
"Руйтерз" ба нақл аз Муҳаммад Марандӣ, устоди донишгоҳ дар Теҳрон, навишта Эрон мушкиле бо идеи фурӯши таслиҳот надорад, чаро ки "таҳримҳоро машрӯъ намедонад ва дар айни ҳол ба кишварҳои зиёде аслиҳа мефурӯшад."
