Пайкорҷӯёни Доъиш кунтрули шаҳри Тикритро ба даст гирифтанд

  • 11 Июн, 2014
ИроқImage copyrightAP
Image caption Шаҳрвандони овораи ироқӣ нигарони пешравии шӯришиён ҳастанд

Аз Ироқ гузориш мерасад, ки пайкорҷӯёни Давлати исломии Ироқу Шом, "Доъиш", кунтрули дувумин шаҳри ин кишварро низ дар даст гирифтаанд.

Гузориш шуда, ки корвоне аз ҷангҷӯёни Доъиш кунтрули шаҳри Тикрит, маркази идории устони Салоҳиддин ва зодгоҳи Саддом Ҳусейн, раиси ҷумҳури собиқи Ироқро, дар даст гирифтаанд.

Доъиш аз рӯзи душанбе шаҳри Мавсил дар шимоли Ироқро низ дар тасарруф дорад. Гуфта мешавад ин гурӯҳ садҳо зиндониро озод карда ва ба ин тартиб, нерӯҳояш тақвият шудааст.

Як шоҳиди айнӣ ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки мардони мусаллаҳ аз чаҳор сӯ вориди шаҳри Тикрит шудаанд. Ба ин тартиб, нерӯҳои Давлати исломии Ироқу Шом, ки як гурӯҳи ифротӣ бо гароишҳои зиддишиъӣ аст, акнун дар 150-килуметрии шимоли Бағдод аст.

Муқтадо Садр, ки қаблан раҳбарии як гурӯҳи пайкорҷӯйи шиъаро ба уҳда дошт, хоҳони ташкили воҳидҳое барои дифоъ аз амокини мазҳабӣ дар муқобили пайкорҷӯёни суннии ифротӣ шудааст.

Нурии Моликӣ, нахуствазири Ироқ, гуфтааст, ки давлат ба муқобала бо шӯришиён идома хоҳад дод. Вай гуфта, он даста аз маъмурони амниятиеро, ки майдонро ба душман гузоштанд, муҷозот хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, як бумбгузори интиҳорӣ бумби ҳамроҳи худро дар минтақаи шиъанишини Бағдод мунфаҷир карда, ки дар ин инфиҷор ҳадди ақал 21 тан кушта ва 45 нафар ҳам захмӣ шудаанд.

Ин бумбгузории интиҳорӣ дар шаҳраки Садр рӯй додааст.

Тасарруфи кунсулгарии Туркия дар Мавсил

Манобеъи маҳаллӣ дар шаҳри Мавсили Ироқ мегӯянд, ки пайкорҷӯёни Давлати исломии Ироқу Шом (Доъиш) кунсулгарии Туркия дар ин шаҳрро тасарруф кардаанд.

Мақомоти Туркия таъйид кардаанд, ки раиси кунсулгарии ин кишвар бо 48 нафари дигар, аз ҷумла кӯдакон, аз ҷумлаи афроди зиёде ҳастанд, ки гаравгон гирифта шудаанд.

Пештар манобеъи давлатии Туркия ба хабаргузории Руйтерз гуфта буданд, ки барои итминон ҳосил кардан аз амнияти ҷони коркунони кунсулгарӣ талошҳое анҷом медиҳанд.

Шаҳри Мавсил рӯзи душанбе ба дасти шибҳинизомиён уфтод. Теъдоди 500 ҳазор нафар баъд аз ҳамлаи пайкорҷӯён аз ин шаҳр фирор кардаанд.

Қабл аз ҳамла ба Тикрит шӯришиёни суннӣ шаҳраки Байҷиро низ тасарруф кардаанд.

Пештар манобеъи амниятӣ дар Ироқ хабар дода буданд, ки бахшҳое аз шаҳри Тикрит низ ба тасарруфи пайкорҷӯён даромадааст. Ин шаҳр дар 150-килуметрии шимоли Бағдод воқеъ аст.

Манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки даргириҳое байни пайкорҷӯён ва нерӯҳои амниятӣ дар ҳаволии Тикрит ва дигар шаҳрҳои Ироқ идома дорад.

Image copyrightBBC World Service

Матолиби муртабит