Шароити Ироқ боъиси нигаронӣ дар мавриди таҷзия ва дахолати хориҷӣ шудааст

  • 13 Июн, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Эҳтимолан Доъиш дар бархе манотиқи тасарруфшуда аз ҳимояти бумӣ бархӯрдор аст

Пешравии нафароти Доъиш дар манотиқи марказии Ироқ ва тасаллути курдҳо дар Каркук, дар шимол, давлати марказии таҳти тасаллути шиъиёнро таҳти фишор қарор дода ва хатари мудохилаи хориҷиро афзоиш додааст.

Дар ҳоле ки шибҳинизомиёни гурӯҳи мавсум ба "Давлати Исломии Ироқ ва Шом" ба пешравӣ ва таҳкими мавозеъи худ дар устони Диола, дар шарқи Ироқ, идома медиҳанд ва аз пешравӣ ба сӯйи пойтахт сухан мегӯянд, фуқдони вокунишҳои қотеъонаи артиши Ироқ нигарониҳоеро дар мавриди тавоноии давлати марказӣ ва саркӯби ин гурӯҳ дар пай овардааст.

Ҳамзамон, нерӯҳои вобаста ба давлати худгардони иқлими Курдистони Ироқ дар вокуниш ба тасарруфи Тикрит ва эҳтимоли пешравии шибҳнизомиёни исломгаро дар устони Каркук, марокизи низомии ин устонро дар ихтиёр гирифтаанд.

Каркук аз манотиқи нафтхези Ироқ аст, ки замоне аксарияти ҷамъияти онро курдҳо ташкил медоданд, аммо ба гуфтаи курдҳо, давлатҳои гузаштаи Ироқ бо ташвиқи муҳоҷират ва муҳоҷирати иҷборӣ таркиби ҷамъиятии ин устонро тағйир дод. Бо ин ҳама аз замони суқути режими собиқ бар сари боқӣ мондани Каркук таҳти тасаллути давлати марказӣ ё илҳоқи он ба иқлими худгардони Курдистон ихтилофи назар вуҷуд доштааст.

Авоили ин ҳафта воҳидҳои артиши пулиси Ироқ дар мавориде бо бар ҷой гузоштани таҷҳизот ва аслиҳаи солим, дар баробари таҳоҷуми нафароти Доъиш ба шаҳри Мавсил, аз ҷумлаи бузургтарин шаҳрҳои Ироқ, ақиб нишастанд ва ин шаҳрҳоро ба муҳоҷимон вогузор карданд. Мавсил аз манотиқи умдатан суннинишини Ироқ ва дорои захоири нафтӣ аст.

Image copyrightReuters
Image caption Амалкарди артиши Ироқ боъиси нигаронӣ дар мавриди тавоноии давлати Марказӣ дар ҳифозат аз кишвар шудааст

Агарчи дар рӯзҳои ахир артиши Ироқ, ба хусус нерӯи ҳавоӣ, амалиёт алайҳи Диъишро шиддат бахшида, аммо бо таваҷҷуҳ ба нафарот ва имконоти қобили таваҷҷуҳи артиш, идомаи фаъъолият ва пешравии шибҳнизомиёни исломгаро ба нишонае аз заъфи давлати марказӣ дар дифоъ аз ин кишвар таъбир шудааст.

Бархе аз нозирон ба заъфи сиёсии давлати раҳбарии Нурӣ Моликӣ, нахуствазир, низ ишора карда ва аз ҷумла ёдовар шудаанд, ки дархости вай аз порлумон барои тасвиби лоиҳа эъломи вазъи фавқулъода дар Ироқ бидуни натиҷа монд ва ба ғайбати намояндагон, ҳатто ҷаласаи музокира дар ин маврид ба ҳадди нисоб низ нарасид.

Дар замони ҳукумати Саддом Ҳусейн, раиси ҷумҳури пешини Ироқ, қудрати сиёсӣ умдатан дар дасти ақаллияти араби суннии мутамаркиз буд ва шиъиёни Ироқ аз табъизи фирқаӣ шикоят доштанд, дар ҳоле ки курдҳои суннии шимоли Ироқ бо муттаҳам кардани давлати марказӣ ба нодида гирифтани ҳуқуқи қавмии худ чандин даҳа алайҳи давлати марказӣ мубориза мекарданд.

Пас аз ҷанги соли 2003 ба раҳбарии Омрико ва суқути Саддом Ҳусейн ва баргузории интихобот, ташаккулҳои вобаста ба аксарияти шиъа, ки шуморе аз онҳо мустақиман тавассути рӯҳониюн поягузорӣ ва идора мешуд, қудрати сиёсиро дар даст гирифтанд, ҳарчанд ҳамагӣ бар ғайридинӣ будани ҳукумат ва худдорӣ аз дунбол кардани табъизи фирқаӣ таъкид доштанд.

Ба гуфтаи бархе нозирон, 9 сол ҳукумати шиъиён, бахусус бархе аз сиёсатҳои давраи нахуствазирии Нурӣ Моликӣ боъиси нигаронии ақаллияти араби суннӣ дар мавриди ояндаи худ шудааст. Бархе гурӯҳҳои суннӣ гоҳ аланан шикоят доштаанд, ки давлати марказӣ натанҳо имтиёзоти иқтисодӣ ва сиёсӣ, балки ҳатто ниҳодҳои амниятиро низ ба ҳамкешони худ вогузор кардааст.

Пас аз хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Ироқ дар соли 2011 ин кишвр бо афзоиши хушунат мувоҷеҳ шуд, ки бахусус дар солҳои ахир умдатан марокизи таҷаммуъи шиъиёнро ҳадаф қарор додааст.

Хатари таҷзия ва дахолати хориҷӣ

Image copyrightAP
Image caption Ба гуфтаи бархе нозирон сиёсати давлати марказӣ боъиси нохурсандии ақаллияти араби суннӣ шудааст

Ба гуфтаи бархе нозирон, пешравии сареъи Доъиш дар манотиқи умдатан суннинишини Ироқ метавонад ҳокӣ аз ҳимоятҳои маҳаллӣ аз ин гурӯҳ бошад ва дар натиҷа мумкин аст Доъиш битавонад мавозеъи худ дар ин манотиқро дастикам барои муддате ҳифз кунад. Дар ҳамон ҳол, бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки давлат хостори ҳимоят ва кумаки низомии мустақими кишварҳои дигар ва мушаххасан Иёлоти Муттаҳида шудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба моҳияти гурӯҳи Доъиш, ки аз назари омрикоиён як созмони ифротии теруристӣ аст, эҳтимолан давлати Ироқ интизор дорад Иёлоти Муттаҳида ба ҳар иқдоме, аз ҷумла мудохилаи низомӣ барои саркӯби ин гурӯҳ мубодират кунад.

Шомгоҳи гузашта гузориш шуд, ки раиси ҷумҳурии Омрико тамомии гузинаҳо, аз ҷумла иқдомоти низомиро барои кумак ба давлати Ироқ дар баробари пайкорҷӯёни Доъиш дар назар дорад. Бархе манобеъ аз эҳтимоли мушорикати нерӯи ҳавоӣ аз артиши Ироқ дар баробари муҳоҷимон сухан гуфтаанд, аммо эъзоми воҳидҳои заминӣ ба он кишвар матраҳ нест.

Дар ҳамон ҳол, тазъиф ва суқути давлат ба раҳбарии шиъиён дар Ироқ ва эҳтимоли таҷзияи ин кишвар ва ҳузури гурӯҳҳои ифротии суннӣ дар марзҳои Эрон, метавонад боъиси нигаронии Эрон шавад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мавқеъияти байналмилалӣ ва хатари вокуниши бархе аз руқабои минтақаии Ҷумҳурии Исломӣ эҳтимолан дар шароити феълӣ монеъ аз даргирии мустақими низомии Эрон дар Ироқ мешавад, метавон интизор дошт кумаки Эрон ва Ироқ шомили ҳимояти иттилоъотӣ ва сиёсӣ аз давлат ва ҳамчунин тақвияти шибҳнизомиёни шиъа бошад.

Image copyrightAFP
Image caption Ҷанг ҳазорон нафар аз сокинони манотиқи даргириро овора кардааст.

Пас аз интишори хабари тасарруфи Мавсил тавассути Доъиш, вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ аз тамомии давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ хост, то аз давлати Ироқ дар баробари таҳоҷуми "теруристҳо" ҳимоят кунанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки танҳо Иёлоти Муттаҳида аз шароити лозим барои чунин ҳимояте бархӯрдор аст, мушаххас нест, ки оё мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ, ки ҳамвора бо ҳузури низомии Омрико дар минтақа башиддат мухолифат меварзиданд, дар ҳоли ҳозир чунин гузинаеро қобили қабул медонад ё на.

Дар айни ҳол, ба гузориши ИСНО, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, дар тамоси телефунӣ бо нахуствазири Ироқ гуфтааст: "Эрон иҷоза нахоҳад дод, то ҳомиёни теруристҳо бо судури терурисм ба Ироқ, амният ва суботи ин кишварро барҳам бизананд." Оқои Рӯҳонӣ аз "ҳомиёни теруристҳо" ном набурда, аммо бархе мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ бахусус дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия, бархе руқабои минтақаии худ, аз ҷумла Арабистони Саъудиро ба пуштибонӣ аз гурӯҳҳои тундрави исломгаро муттаҳам кардаанд.

Матолиби муртабит