Убомо: Барои муқобила бо Доъиш ҳама гузинаҳо дар дасти баррасӣ аст
Image copyrightAFPБорок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, мегӯяд кишвараш барои кумак ба давлати Ироқ дар баробари пайкорҷӯёни Давлати исломии Ироқ ва Шом, Доъиш, ҳамаи гузинаҳо, аз ҷумла амалиёти низомиро мадди назар дорад.
Бо вуҷуди ин, Кохи Сафед эълом карда феълан ҳеҷ барномае барои эъзоми нерӯ ба Ироқ надорад.
Гуфтаҳои раиси ҷумҳурии Омрико пас аз он матарҳ шуд, ки пайкорҷӯёни Доъиш дар ду рӯзи гузашта муваффақ шуданд кунтрули шаҳрҳои муҳимми Мавсил ва Тикритро дар даст бигиранд ва акнун хабар мерасад, ки савдои ишғоли Бағдодро доранд.
Оқои Убомо ҳамчунин гуфтааст, ки Ироқ ба кумакҳои изофӣ аз сӯйи Омрико ниёзманд аст, то пайкорҷӯёнро ақиб биронад.
Раиси ҷумҳури Омрико таъкид карда иқдомоти кӯтоҳмуддат ва фаврии низомӣ дар Ироқ зарурӣ аст. Ӯ дар айни ҳол таъкид кард, ки дар солҳои гузашта эътимоди лозим байни шиъиён ва сунниҳои Ироқ эҷод нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед, рӯзи панҷшанбеи 12 июн дар ҷамъи хабарнигорон гуфт эъзоми сарбоз ба Ироқ дар байни гузинаҳои мавриди баҳс нест.
Ҳамзамон аз Ироқ расонаҳои маҳаллӣ гузориш додаанд нерӯҳои давлатии ин кишвар аз ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи нерӯҳои ситезаҷӯи исломии Ироқ ва Шом мавсум ба Доъиш истифода кардаанд.
Ин таҳаввулот дар ҳоле рӯй медиҳад, ки порлумони Ироқ рӯзи панҷшанбе натавонист дархости давлати мабнӣ бар эъломи вазъи фавқулъодаро ба раъйгирӣ бигузорад, чаро ки аз миёни 325 узви ин маҷлис танҳо 128 нафар ҳозир шуданд ва бадин тартиб ҷаласаи порлумон ба ҳадди нисоб нарасид.
Гузоришгарон дар Ироқ мегӯянд чунончи Доъиш битавонад ба кунтрули худ дар шаҳри Мавсил (севумин шаҳри бузурги Ироқ) идома диҳад, гоми бузурге барои ташкили як кишври исломӣ бардорад ё ҳамон тавр, ки дар номаш ҷорӣ аст, "Давлати Исломии Ироқ ва Шом"-ро дар ин минтақа ташкил диҳад.
Аз сӯйи дигар, Ҷон Мак Кейн, сенотури ҷумҳурихоҳ, пас аз ширкат дар як ҷаласаи маҳрамона дар бораи Ироқ аз оқои Убомо хост, то аъзои тими амнияти миллии худро тағйир диҳад.
Оқои Мак Кейн гуфт, ки онҳо "комилан нокоромад" будаанд.
Дар вокуниши дигар аз сӯйи Омрико ба таҳаввулоти ахири Ироқ, Ҷу Бойден, муъовини Борок Убомо, дар тамоси телефунӣ бо Нурӣ Моликӣ, нахуствазири Ироқ, гуфтугӯ карда ва зимни таъкид бар ҳамбастагии Вошингтун ва Бағдод гуфта Кохи Сафед дар ҳоли баррасии фаврии тақвияти кумакҳои амниятии худ ба Ироқ аст. Оқои Бойден ҳамчунин аз нахуствазири Ироқ хоста, то барои барқарории ваҳдати миёни ҷиноҳҳои сиёсӣ дар Ироқ талош кунад.
Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳам эълом кардааст дар набарди давлати Ироқ "баробари терурисм" аз Бағдод ҳимоят мекунад.
Ҳамзамон вазорати хориҷаи Олмон аз атбоъи ин кишвар хостааст бахшҳое аз хоки Ироқ, аз ҷумла Бағдодро тарк кунанд.
Бо суқути шаҳри Мавсил ва вуруди нерӯҳои Доъиш ба ин шаҳри бузурги Ироқ ниҳодҳои башардӯстона гузориш кардаанд, ки ҳудуди ним милюн нафар аз мардуми Мавсил бо тарки кошона ва диёри худ ба манотиқи муҷовир гурехтаанд ва акнун кумакрасонӣ ба ин хонаводаҳо ба чолише ҷадид барои давлати оқои Моликӣ табдил шудааст.
Бо вуҷуди ин, гузоришгари Би-би-сӣ дар Арбили Ироқ, ки бо бархе аз оворагони аҳли Мавсил гуфтугӯ карда, мегӯянд пайкорҷӯёне, ки Мавсилро тасарруф кардаанд, бо мардуми оддӣ коре надоштаанд ва иллати фирори онҳо бим аз амалиёти артиши Ироқ аст, ки мумкин аст дар посух ба тасарруфи Мавсил сурат гирад."
Дар ҳамин ҳол, нозирон пешравии эҳтимолии Доъиш ба сӯйи шаҳрҳои шиъанишини Ироқ нигаронанд, чаро ки дар ин сурат доманаи ҷанг ба миёни гурӯҳҳои шибҳнизомии шиъа ва суннӣ дар Ироқ хоҳад кашид ва оташи ҷанги дохилӣ дар Ироқ амният ва тамомияти арзии ин кишварро башиддат таҳдид хоҳад кард.
