'Эҳтимоли гуфтугӯи мустақими Омрико ва Эрон' дар ин ҳафта барои таъмини амнияти Ироқ
Image copyrightAPЯк мақоми давлати Омрико таъйид кард ин давлат музокираи мустақим бо Эронро дар бораи амнияти Ироқ мадди назар қарор додааст. Ӯ ба Би-би-сӣ гуфт ин мавзӯъ дар "сатҳи мақомоти аршад" матраҳ шудааст.
Бар асоси бархе гузоришҳо ин гуфтугӯҳо ба эҳтимоли зиёд ҳамин ҳафта сурат хоҳанд гирифт.
Ба навиштаи рӯзномаи Вол Истрит Журнол, мақомоти омрикоӣ гуфтугӯ бо Эрон ва дигар қудратҳои минтақаро дар мавриди вазъияти амниятии Ироқ зарурӣ медонанд, чаро ки барои мубориза бо пайкорҷӯёни Давлати Исломии Ироқ ва Шом (Доъиш) ба иқдоми ҳамоҳанг ниёз аст.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, ду рӯз пеш талвеҳан гуфт Эрон дар сурати дархости Ироқ барои ҳалли буҳрони Доъиш ҳамкорӣ бо Омрикоро дар назар хоҳад гирифт.
"Омрикоиҳо ҳам мумкин аст бихоҳанд иқдомоте анҷом диҳанд, ман аз тарҳи онҳо бехабарам, аммо муҳим аст, хости миллату давлати Ироқ аст; бинобар ин агар кумаке аз дасти мо барояд, омодагӣ дорем."
Оқои Рӯҳонӣ гуфт то кунун ҷуз давлат ва миллати Ироқ каси дигаре алайҳи Доъиш вориди амал нашуда, аммо "ҳар гоҳ Омрико алайҳи Доъиш иқдоме кард, мешавад дар бораи ҳамкорӣ бо ин кишвар фикр кард."
Бар асоси бархе гузоришҳо, 130 нафар аз афсарони Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар ҳоли ҳозир барои омӯзиш ва мушовира дар Ироқ ҳастанд. Эрон ба таври расмӣ ҳузури нерӯҳояш дар Ироқро такзиб кардааст.
Коршиносон муътақиданд дар сурате, ки ин музокирот анҷом пазирад, таҳаввуле муҳим дар равобити ду кишвар маҳсуб хоҳад шуд, ки аз замони инқилоби Эрон қатъ будааст.
Омрико борҳо Эронро ба дахолат дар умури Ироқ ва доман задан ба хушунат муттаҳам карда, ҳарчанд Эрон пеш аз ин дар бораи масоили амниятии Афғонистон ва Ироқ бо Омрико гуфтугӯ ва ҳамкорӣ кардааст.
Борок Убомо, риси ҷумҳурии Омрико, чанд рӯз пеш гуфта буд Кохи Сафед барои таъйини чигунагии ҳамкорӣ ва кумак ба Бағдод дар ҷанг алайҳи пайкорҷӯён ба чанд рӯз вақт ниёз дорад.
Бо ин ҳол, Омрико нови ҳавопаймобари Ҷурҷ Бушро ба ҳамроҳи ду нови дигар ба халиҷи Форс эъзом карда; бо ин ҳол таъкид карда қасди эъзоми нерӯи заминӣ ба Ироқро надорад ва дар сурати ҳамла, фақат амалиёти ҳавоӣ хоҳад дошт.
Дар ҳоле ки давлати Борок Убомо гузинаҳои мавҷудро барои мудохила дар Ироқ баррасӣ мекунад, Эрон ва Омрико дар охирин даври гуфтугӯҳои ҳастаии Эрон бо 5+1 рӯзи душанбеи 16 июн дар Виен бар сари мизи музокира хоҳанд нишаст.
Ҳусейн Нақавии Ҳусейнӣ, сухангӯйи кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон, аз қавли Аббоси Ароқчӣ, диплумоти аршад, эълом кардааст, ки Эрон ва кишварҳои 5+1 "тасмими қатъӣ" доранд, ки навиштани матни тавофуқи ниҳоии ҳастаиро шурӯъ кунанд.
