Артиши Ироқ пойгоҳҳои низомии Сомарраро алайҳи Доъиш тақвият кард

  • 14 Июн, 2014
Аъзои қабоили шиъаImage copyrightAP
Image caption Аъзои қабоили шиъа бо фарохони Нурии Моликӣ ва намояндаи Оятуллоҳ Систонӣ барои мубориза бо гурӯҳи суннии Доъиш ба артиш пайвастаанд

Нерӯҳои низомии вафодор ба давлати марказии Ироқ пойгоҳҳои мустақар дар атрофи шаҳри Сомарра дар шимоли пойтахтро дар муқобили нерӯҳои Доъиш тақвият кардаанд.

Пайкорҷӯёни Давлати исломии Ироқу Шом маъруф ба Доъиш кунтрули қисматҳои васеъе аз шимолу ғарби кишвари Ироқро дар даст доранд ва бими он вуҷуд дорад, ки аз шимол ба самти тасарруфи Бағдод ҳаракат кунанд.

Нерӯҳои довталаб, ки бо фарохони Нурии Моликӣ, нахуствазири Ироқ, ва намояндаи Оятуллоҳ Алии Систонӣ, бонуфузтарин марҷаъи шиъаи Ироқ, силоҳ ба даст гирифтаанд, боъиси тақвияти қувои низомии давлати марказии Ироқ алайҳи Доъиш шудаанд.

Гузориш шуда, ки Нурии Моликӣ, нахуствазири давлати шиъаи Ироқ, аз шаҳри Сомарра боздид кардааст. Сомарра дар 95-килуметрии шимоли Бағдод, пойтахти Ироқ, воқеъ аст.

Амокини мазҳабии шиъиён дар ин шаҳр соли 2006 дар ҷараёни низоъи сунниҳо ва шиъаҳои Ироқ ҳадафи ҳамлаи шибҳинизомиёни сунӣ қарор гирифт.

Баъзе манобеъ гузориш додаанд, ки Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Қудс, ҳам дар Бағдод, дида шудааст, ҳарчанд Эрон фаъъолияти низомии нерӯҳояшро дар Ироқ тазиб мекунад.

Имрӯз Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон, дар мусоҳибае матбӯъотӣ гуфтааст Эрон то кунун вориди амалиёти низомӣ нашуда, аммо агар давлати Ироқ кумак бихоҳад, Эрон дар чаҳорчӯби қавонини байналмилалӣ онҳоро ёрӣ хоҳад кард.

Масдуд шудани шабакаҳои иҷтимоъӣ

Гузориш шуда, ки давлати Ироқ аз тарси нуфузи Доъиш бештари шабакаҳои иҷтимоъиро дар ин кишвар масдуд ё маҳдуд кардааст.

Нигаронии давлат аз ин аст, ки Доъиш аз шабакаҳои иҷтимоъӣ барои ба кор гирифтани нерӯҳои низомӣ ё эҷоди раъбу ваҳшат истифода кунад.

Доъиш дар Туитер чанд ҳисоби корбарӣ дорад, ки аз тариқи он тасовир ва ахбори пирӯзиҳои худро мунташир мекунад.

Давлати Ироқ Доъишро муттаҳам карда, ки дар шаҳрҳои таҳти тасарруфаш муртакиби ҷиноёти ҷангӣ шудааст.

Ду шаҳри дигар дар тасарруфи Доъиш

Image copyrightAP
Image caption Ҳазорон нафар аз бими ҳамалоти Доъиш дар Ироқ овора шудаанд, аз ҷумла ин зан, ки ба Арбил гурехтааст.

Дар ҳоле ки дар Бағдод ва шаҳрҳои шиънишини Ироқ нерӯҳои мардумӣ барои кумак ба давлат довталаб шуда ва дар баробари дафотири сабти ном саф кашидаанд, пайкорҷӯёни Доъиш ва дигар гурӯҳҳои мухолифи давлати марказӣ муваффақ шуданд ду шаҳр дар устони Диёларо тасарруф кунанд ва ба ин тартиб, ба марзҳои Эрон наздиктар шаванд.

Хабаргузории Руйтерз ба нақл аз нерӯҳои амниятӣ дар Ироқ хабар дод, ки пайкорҷӯён тавонистаанд кунтрули шаҳрҳои Ассаъдия ва Ҷалулоро дар ихтиёр бигиранд. Бад-ин тартибДоъиш акнун дар 50-килуметрии марзи Хусравии Эрон ва муҷовирати устони Кирмоншоҳ аст.

Омрико амалиёти заминӣ нахоҳад дошт

Борок Убомо, раисҷумҳурии Омрико, рӯзи ҷумъа хитоб ба касоне, ки мунтазири мавзеъгирии Омрико дар баробари буҳрони Ироқ буданд, гуфт Кохи Сафед барои таъйини чигунагии ҳамкорӣ ва кумак ба Бағдод дар ҷанг алайҳи пайкорҷӯён ба чанд рӯз вақт ниёз дорад.

Бо ин ҳол, бар асоси гуфтаҳои мақомҳои омрикоӣ мушаххас аст, ки ин кишвар барномае барои пиёда кардани нерӯ дар Ироқ надорад ва дар ҳоли баррасии эҳтимоли анҷоми амалиёти ҳавоӣ аст.

Оқои Убомо гуфт: "Раҳбарони Ироқ бояд ихтилофоти фирқаиро канор бигзоранд. Мудохилаи низомии хориҷӣ, чи аз тарафи Омрико ва чи ҳар кишвари дигар, наметавонад мушкилро дар буландмуддат ҳал кунад. То вақте чораандешии муносибе вуҷуд надошта бошад, ҳаргиз дар Ироқ ва минтақа оромиш барқарор нахоҳад шуд."

Ҳамкории Эрон ва Омрико?

Хабаргузории Руйтерз ба нақл аз як мақоми олии эронӣ, ки хоста номаш фош нашавад, навиштааст: "Мақомҳои эронӣ идеи ҳамкории Эрон ва Омрико дар мавриди буҳрони Ироқро ба баҳс гузоштаанд. Омрико мегӯяд дар ҳоли баррасӣ аст ва ҳанӯз тасмиме дар ин робита нагирифтааст.

Ҳамзамон яке аз сухангӯёни Вазорати хориҷаи Омрико таъкид кардааст, ки Омрико дар ҳоли ҳозир машғули гуфтугӯ бо Эрон дар иртибот бо Ироқ нест.

Ду кишвар пеш аз ин ҳам дар мавориди маҳдуде барои муқобала бо Алқоъида ва Толибон дар Афғонистон ва ҳамчунин буҳрони амниятии Ироқ бо ҳам гуфтугӯ ва ҳамкорӣ кардаанд.

Матолиби муртабит