Идомаи набардҳо дар Ироқ; Моликӣ чаҳор фармондеҳи аршадро барканор кард

  • 18 Июн, 2014
Image copyrightBBC World Service

Дар ҳоле ки набарди сангин байни нерӯҳои артиши Ироқ бо пайкорҷӯёни "Давлати Исломии Ироқ ва Шом" идома дорад, Нурӣ Моликӣ , нахуствазири Ироқ, чанд мақоми аршади низомиро ба далели нокомӣ дар мутаваққиф кардани пешравии нерӯҳои шӯришӣ барканор кардааст.

Баёнияи давлат мегӯяд, ки чаҳор фармондеҳ ба далели худдорӣ аз анҷоми вазоифи давлатӣ аз кор барканор шудаанд.

Нерӯҳои Доъиш шаби гузашта бахшҳое аз шаҳри Баъқуба, маркази устони Диоларо тасарруф карданд, ки танҳо 60 килуметр бо Бағдод фосила дорад., аммо мақомоти ироқӣ мегӯянд, ки кунтрули шаҳрро дубора ба даст гирифтаанд.

Гузоришҳо ҳамчунин аз набарди сангин дар бахшҳое аз устони Анбор дар ғарби Ироқ ҳикоят дорад. Пайкорҷӯён бахшҳои муҳимме аз ин устонро ба тасарруф даровардаанд.

Дар шимол нерӯҳои давлатӣ дар талош барои бозпас гирифтани шаҳри Талъафар ҳастанд, ки рӯзи душанбе ба тасарруфи нерӯҳои Доъиш даромад.

Давлати Омрико дар ҳоли эъзоми 275 нафар аз нерӯҳои мутахассиси низомии худ ба Ироқ аст. Ин нерӯҳо расман вазифаи ҳифозат аз кормандони сафоратхонаи бузурги ин кишвар дар Бағдодро ба уҳда хоҳанд дошт.

Дар ин ҳол, Начирвон Борзонӣ, нахуствазири иқлими худмухтори Курдистони Ироқ, ба Би-би-сӣ гуфт, мумкин аст ҳамаи Ироқ натавонад дар оянда ба сурати як кишвар боқӣ бимонад.

Ӯ гуфт бозгашт ба шароити пеш аз пирӯзиҳои Доъиш, ки аз ҳафтаи пеш басуръат Тикрит ва Мавсилро гирифт ва рӯзи душанбе Талъафарро ба тасарруфи худ даровард, бисёр душвор хоҳад буд.

Хабарҳои расида аз Баъқуба, маркази устони Диёла, дар шимоли Бағдод ҳокӣ аст, ки шибҳнизомиҳои суннӣ бо ишғоли қароргоҳи марказии пулиси шаҳр аслиҳаи зиёде ба даст овардаанд.

Image copyrightReuters
Image caption Омрико қасд дорад 275 нерӯи мутахассиси низомӣ барои ҳифозат аз сафоратхонааш ба Ироқ эъзом кунад.

Бар асоси гузоришҳои расида аз Талъафар дар ғарби Мавсил, дар устони Нинво, ки аз назари истротежик муҳим аст, нерӯҳои кумакӣ вориди шаҳр шудаанд, то бо ҳамкории нерӯҳои давлатии мустақар бикӯшанд, ки кунтрули шаҳрро дубора ба даст бигиранд. Нерӯи ҳавоии Ироқ ҳам чандин ҳамла ба ин шаҳр доштааст.

Шаҳри 200-ҳазорнафарии Талъафар бо ҷамъияте махлут аз шиъаву суннӣ, ки байни Мавсил ва марзи Сурия қарор дорад, дар саҳаргоҳи рӯзи душанбе суқут кард ва ба дасти нерӯҳои шӯришӣ афтод. Сокинони ин шаҳр умдатан аз туркҳои Ироқ ҳастанд.

Дар устони Анбор, дар ғарби Бағдод, як чархболи давлатӣ бар асари шиллики пайкорҷӯёни Доъиш дар наздикии шаҳри Фалуҷа суқут кард. Онҳо мегӯянд, ки тонкҳои зиёдеро барои набард ба ин минтақа фиристодаанд. Онҳо ҳамчунин мегӯянд, ки нерӯҳои давлатии мустақар дар як подгони низомӣ дар наздикии Рамодӣ, пойтахти ин устон, фирор кардаанд.

Матолиби муртабит