Мушкилоти муқобилаи давлат бо нерӯҳои тундрави Доъиш дар Ироқ
Image copyrightGettyДавлати Ироқ дар муқобила бо шӯришиёни тундрави вобаста ба гурӯҳи Доъиш бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯст.
Бархе нозирон дар Ироқ мегӯянд шӯришиёни аз омӯзиши беҳтаре нисбат ба сарбозони артиши Ироқ бархӯрдоранд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шӯришиён аз таҷрубаи бештаре дар ҷангидан низ бархӯрдоранд.
Ҷон Симпсун, хабарнигори Би-би-сӣ аз Бағдод гузориш дода, ки бисёре аз мақомоти ироқӣ ва диплумотҳои хориҷӣ дар он шаҳр нисбат ба раванди ҷанг алайҳи Доъиш хушбин нестанд.
Нерӯи ҳавоии Ироқ ду ҳафта пеш охирин мушакҳои "Ҳел фойр"-и омрикоии худро истифода кард ва аз он замон мушакҳои ҷойгузине за Омрико дарёфт накардааст.
Дар ҳамин ҳол, Ироқ танҳо ду ҳавопаймо бо қобилияти шиллики ин навъ мушакро дорад, ки барои муқобила бо пешрафти нерӯҳои ифротии Доъиш кофӣ нест.
Доъиш дирӯз (шанбе) гуфта буд як гузаргоҳи муҳим дар марзи Ироқ ва Сурияро тасарруф кардааст.
Ишғоли гузаргоҳи Қоим ба Доъиш ин имконро медиҳад, ки бароҳатӣ барои интиқоли аслиҳа ва таҷҳизоти ҷангӣ аз дохили Сурия ба хоки Ироқ иқдом кунад ва пайкорҷӯёни худро дар ҷабҳаҳои дигари ҷанг тағзия кунад.
Доъиш кунтрули шаҳрҳои дигаре аз устони Анбор дар муҷовирати марзи Сурияро ҳам ба даст гирифтааст.
Рова ва Оно аз ҷумлаи шаҳрҳое ҳастанд, ки ба дасти шӯришиён суқут кардаанд
Доъиш ва муттаҳидонаш дар миёни гурӯҳҳои ифротии суннӣ умедворанд аз нерӯҳои ахир барои эҷоди минтақае амн барои худ бо ҳадафи ҳамла ба Бағдод истифода кунанд.
Нерӯҳои Доъиш аз чанд рӯз таҳоҷуми густардаеро ба бузургтарин полоишгоҳи Ироқ дар Байҷӣ ҳам оғоз кардаанд ва ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ акнун кунтрули беш аз 90 дарсади ин таъсисотро дар даст гирифтаанд.
Таваққуфи тавлиди маҳсулоти нафтӣ дар ин полоишгоҳ боъиси нигаронӣ дар мавриди камбуди маводди сӯхтӣ ва ҳуҷуми мардум барои хариди он шудааст.
