Убомо: Эрон метавонад дар Ироқ нақши созанда дошта бошад
Image copyrightReutersБорок Убомо, риси ҷумҳури Омрико, мегӯяд, ки Эрон метавонад нақши созандае дар ҳалли буҳрони Ироқ дошта бошад ва дар ин чаҳорчӯб муҳим аст, ки ин кишвар аз иттихози сиёсате, ки билқувва метавонад мунҷар ба ҷанги дохилӣ шавад, парҳез кунад.
Ӯ гуфт, ки кишвараш дорои ихтилофоти амиқе бо Эрон аст ва афзуд дар Сурия Эрон башиддат аз яке аз тарафайн дифоъ кард.
Ӯ гуфт агар нигоҳи Эрон ба таҳаввулоти минтақа ингуна ва дар чаҳорчӯби ихтилофоти фирқаӣ бошад, он мавқеъ эрониҳо худро дар бисёре аз нуқоти минтақа даргир хоҳанд ёфт. Вай дар айни ҳол таъкид кард, ки бисёре дар Эрон ин мавзӯъро хуб мефаҳманд, аммо ба гуфтаи оқи Убомо гӯё иддае дар ин кишвар намехоҳанд аз одатҳои гузаштаи худ басодагӣ даст бардоранд
Мушовири низомӣ
Раиси ҷумҳури Омрико ҳамчунин афзуд, ки кишвараш омодагӣ дорад то ҳудуди 300 мушовири низомиро барои кумак ба муқобила бо ситезаҷӯёни Давлати Исломии Ироқ ва Шом мавсум ба "Доъиш" ба Ироқ бифиристад.
Ӯ гуфт, ки Омрико омодагии ирсоли таҷҳизоти мавриди ниёзи изофӣ ба ин кившарро низ дорад.
Раиси ҷумҳури Омрико дар суханони худ гуфт, ки Вошингтун омода аст то дар сурати зарурат амалиёти "дақиқ"-и низомӣ дар Ироқ анҷом диҳад.
Аммо ӯ дар айни ҳол таъкид кардааст, ки муъзали Ироқ фақат аз тариқи сиёсӣ ва тавассути раҳбароне, ки барномаи ҳамашумулеро барои иҷро дошта бошанд, қобили ҳал аст.
Оқои Убомо ҳамчунин гуфтааст, ки ин кишвар амалиёти иттилоъотӣ ва шунуди худро дар Ироқ афзоиш додааст, то дарки беҳтаре аз эҳтимоли хатаре, ки мутаваҷҷеҳи Бағдод, пойтахт, аст, дошта бошад.
Президент Убомо дар айни ҳол эълом кард, ки Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, базудӣ барои мушовира дар хусуси буҳрони минтақа бо раҳбарони Урупо ва Ховари Миёна ба ин манотиқ сафар хоҳад кард.
Изҳороти оқои Убомо пас аз дархости расмии Ироқ барои ҳамла ба мавозеъи Доъиш изҳор мешавад.
Раиси ҷумҳури Омрико шаби гузашта (18 июн) бо сарони кунгре дар бораи ин мавзӯъ ҷаласа дошт.
