Ражаи шибҳинизомиёни шиъа дар шаҳрҳои Ироқ
Image copyrightAPҲазорон тан аз шибҳинизомиёни шиъаи Ироқ дар як намоиши қудрат дар баробари пайкорҷӯёни суннӣ, ки бахшҳои бузурге аз шимоли Ироқро тасарруф кардаанд, дар Бағдод ва дигар шаҳрҳо ража рафтанд.
Ҳомиёни Муқтадо Садр, рӯҳонии тундрави шиъа, дар ин ража ҳамчунин мухолифати худро бо бозгашти нерӯҳои Омрико барои ҷанг бо пайкорҷӯёни Доъиш эълом карданд.
Тарафдорони Муқтадо Садр чанд сол пеш низ дар хушунатҳои фирқаӣ дахил буданд ва яке аз хабарнигорони Би-би-сӣ дар Бағдод мегӯяд тозатарин намоиши қудрати онҳо занги хатаре барои ақаллияти суннии Бағдод хоҳад буд.
Ба гуфтаи хабарнигорон, ин ража барои двлати Ироқ низ бисёр нигаронкунанда аст.
Дар ҳамин ҳол, даргирии нерӯҳои тарафдори давлати Ироқ ва нерӯҳои Доъиш дар атрофи шаҳри истротежики Талъафар дар шимоли ғарби ин кишвар ҳамчунон идома дорад.
Ин даргириҳо аз рӯзи душанбе дар ҷараён будааст.
Талъафар дар як масири муҳим ба Сурия воқеъ шуда ва пайкорҷӯёни гурӯҳи Доъиш талош доранд кунтрули шаҳрро дар даст бигиранд.
Дар шаҳри Байҷӣ низ, ки пайкорҷӯён бузургтарин полоишгоҳи нафти Ироқро дар муҳосира доранд, даргириҳо идома дорад.
Таваққуфи тавлиди нафт дар ин полоишгоҳ боъиси нигаронӣ дар мавриди камбуди нафт ва ҳуҷуми мардум барои хариди он шудааст.
